Мо чӣ гуна гуфтугуро бо як душман ва гуруҳи террористии табаҳкор оғоз кунем?
Намояндаи Ҷабҳаи муқовимат назарашро оид ба миёнҷигарии Тоҷикистону Покистон ва роҳандозии музокирот миёни Толибон ва тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт
Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳба бо телевизиони BBC гуфт, мо ҳаргиз мухолифи сулҳ нестем, аммо сулҳ дар худ як таърифи мушаххасе дорад.
Ӯ гуфт, барои ин ки мо гуфтугуро бо як душман оғоз кунем, мо онҳоро гуруҳи террористии табаҳкор мешиносем
«Дар ҳоли ҳозир на танҳо Ҷабҳаи муқовимат, балки мардум низ ҳеҷ эътимоде бар ин гуруҳ надорад ва барои оғози гуфтугуҳои ҷиддӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ниёз аст, ки як эътимодсозӣ сурат бигирад», — гуфт Алӣ Майсам Назарӣ.
Номбурда гуфт, ниёзаст, ки ин гуруҳи таҷовузкор аз манотиқе, ки марбуташ намешавад, бо он давлати кумакрасонҳояш ақибнишинӣ кунад ва даст аз таҷовузу ҳамла баркашад.
Сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат гуфт, то он даме, ки мо дар ин шаҳрҳо муттаҷовиз дошта бошем, ҳеҷ гуна музокира ва гуфтугӯ барои мо матраҳ нест.
Ба гуфтаи Алӣ Майсам Назарӣ, аксарияти Панҷшер дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат аст.
«Чизе ки ҳоло душман дар даст дорад, ин дараи умумӣ аст, аммо нуқоти асосӣ ва стратегӣ дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллист», — гуфт номбурда.
Ӯ гуфт, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар дохили кишвар дар як ҷойи амн аст, Амрулло Солеҳ низ дар кишвар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ