Моҳи март милиса политсия мешавад

Намунаҳои сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то санаи 1 март омода мешаванд, хабар додааст ба расонаҳо ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳот дар милитсия, генерал-майор Фарҳодбек Шодмонзода. 

Бино ба гуфтаи ӯ, аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.“Агар президент намунаи сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилиро тасдиқ намояд, дар навбати аввал кормандони хадамоти посбониву назорат, БДА ва нозирони минтақавии шаҳри Душанбе бо он таъмин мешаванд”, — қайд кард Фарҳодбек Шодмонзода. Зимнан зикр гардид, ки дар сарулибоси нав ба ҷойи калимаи маъмулии “милитсия” – “политсия” навишта хоҳад шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *