Писарамро оқ кунам?

Ману шавҳарам 26 сол боз зиндагии хушу хурсандона дорем. Шавҳарам дар амбулаторияи деҳа кор мекунад, ман бошам, ҳамшираи шавқат ҳастам. Мо се писару ду духтар дорем.

Писари калониям бисёр бачаи гапдаро ва дастёри беминнат буд, аз ҳамин сабаб ӯро назар ба дигар фарзандонам бештар дӯст медоштам. Пас аз хатми мактаби миёна мо ӯро ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дохил кардем. Умедам аз Фотеҳҷон зиёд буд, вале бачаи сархаму намозхони мо аз Темурмалик ба шаҳр хонданӣ рафту бо ҳамин падару модар, бародару хоҳар ва хешу ақрабояшро фаромӯш кард. Тағояш хабар овард, ки Фотеҳҷон дар шаҳр ба як зани аз худаш 15 сол калон оиладор шудааст ва дар хонаи ҳамон зан зиндагӣ мекунад.  Ростӣ, аввал ба ин гап бовар накардам. Бародарам ману шавҳарамро ба шаҳр бурд, то ки ҳамаашро бо чашми худамон бубинем. Рост ба донишгоҳаш рафтем. Гумон доштам, ки писарам моро сахт пазмон шудааст ва бо диданамон курта-курта гӯшт мегирад, аммо ӯ бо қошу қавоқи овезон ба назди мо баромада гуфт: “Что вам от меня надо? Если хотите вернуть меня в кишлак, то я не хочу ехат! Оставте меня в покое. Я вас больше знат не хочу…”

Падараш сахт асабӣ шуда, шапотии обдоре ба рӯяш фаровард. Писарам сахт ба ғазаб омада дод зад: “ Убери руку, не имееш право! Вас не косается женат я, или нет. Я никогда не вернусь в деревню!”

Эҳсос намудам, ки писари деҳотии мо ба шаҳр омада, на танҳо ақл, балки забонашро ҳам гум кардааст. Падараш ӯро дашном мекарду ман зор- зор мегиристам. Барои он мегиристам, ки бачаи бо ҷону дил баробарам бо ман салом кардан он тараф истад, ҳатто ба рӯям нигоҳ накард. Тағояш ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, писарамро насиҳат кард, ки девонагиро бас кунад, вале ба оби чашми ману падараш нигоҳ накарда, вай мисли як бегона аз мо рӯй гардонида давида рафт.

Ҳамин тавр бо дили хунчакон ба хона баргаштем. Шавҳарам ҳама фарзандонамонро ҷамъ карда гуфт, ки аз ҳамин рӯз эътиборан онҳо Фотеҳ гуфтанӣ ака надоранд. Хаёл кунанд, ки Фотеҳ мурдааст. Бо шунидани ин гап дар чашмони фарзандонам донаҳои ашк пайдо шуд, вале аз тарси падарашон чизе нагуфтанд. Шавҳарам чунон вонамуд мекунад, ки гӯё дар ҳақиқат Фотеҳ ном писар надошт, вале эҳсос мекунам, ки аз ғами ин бача дарун ба дарун сӯхта хокистар мешавад. Магар падару модар метавонад меҳри фарзандро аз дил берун созанд? Ҳаргиз!  Фарзанд метавонад волидонашро ба ёд наорад, вале дили падару модар, то нафаси охирин бо ёди фарзанд метапад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел писарамро аз ин роҳи хато баргардонам? Хешу табор мегӯянд, ки ҳамон зани маккораи 40- сола бо ҷодугарӣ ақли писарамро дуздида, ӯро аз мо дилхунук кардааст. Ростӣ, ман ба сеҳру ҷоду бовар надорам, вале ғами Фотеҳ маро аз пой афтонида истодааст. Касе ҳаст, ки роҳи халосӣ аз ин дарду ғамро ба мо нишон диҳад?

Моҳрӯ, аз н. Темурмалик.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *