“Мо силоҳ надорем, бо санг ҳам худро муҳофизат карда метавонем…”
Яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо пахши изҳороти видеоӣ гуфтааст, ки «ҳарчанд хоҳони қудрат ва талабгори мансаб нест», солҳо боз зери фишору таъқиби мақомоти давлатӣ қарор дорад.
Дар шаҳри Хоруғ се моҳ боз интернет вуҷуд надорад. Навор 8-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Маълум нест, ки онро кай сабт кардаанд.
Паёми Маҳмадбоқиров дар ҳоле нашр шуд, ки ниҳодҳо ва телевизиони давлатӣ дар Бадахшон зиёда аз як ҳафта боз ӯро ба латукӯби мудири маорифи ВМБК муттаҳам карда, хостаанд худ ва ҳамроҳонашро таслим кунад.
Полковники мустаъфии неруҳои марзбонии Тоҷикистон худро бегуноҳ шумурда, баръакс, баъзе аз намояндагони мақомот, аз ҷумла раиси ҳозираи вилоятро ба аъмоли ғайриқонунӣ ва доштани хусумати шахсӣ муттаҳам кардааст.
Вокуниши мақомот ва раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба изҳороти Маҳмадбоқиров маълум нест. Вале раиси вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 10-уми январи имсол дар ҷаласае дар қатори чанде аз раҳбарони ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро «сардори гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ» номид, ки ба гуфтаи ӯ “монеи кори дурусти мақомот мешаванд».
Дар изҳороти видеоӣ Маҳмадбоқиров гуфтааст: «Аз ҳукуматдорон талаб дорем, ки бимонанд осуда зиндагӣ кунем, аммо фақат моро зиндонӣ мекунанду мекушанд. Аз ман талаб доранд, ки худро ба мақомоти қудратӣ бисупорам. Чӣ гуноҳи азиме кардам? Магар ба ягон гуруҳе ба монанди ДОИШ пайвастам?».
Вай дар идома аз он шикоят кардааст, ки сӣ сол боз дар чунин вазъ қарор дорад: «Сабабашро намедонам. Шояд тарафдори ростиву адолат ҳастам, гапи ҳақро мегӯям ва аз мардум пуштибонӣ мекунам. Барои ҳамин, ҳукуматдорон маро бад мебинанд. Мо душман нестем. На ба давлат хиёнат кардем ва на ба раиси ҷумҳурӣ. Фақат хоҳони осудагии мулк ҳастему бас».
Ҳафтаи гузашта Додситонии вилояти Бадахшон эълон кард, ки ба зидди Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда кушодааст.
Рӯзи 6-уми феврал манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ба Маҳмадбоқиров ва шаш сокини дигари Хоруғ барои таслим шудан ба мақомот тӯли як ҳафта вақт додаанд. Маҳмадбоқиров дар изҳороти видеоӣ тасдиқ кардааст, ки дар ҳоли ҳозир “сохторҳои таъиноти махсус ва низомиён ба Хоруғ оварда шудаанд”. Чизе, ки пештар мақомот рад карда буданд.
“Имрӯзҳо моро террорист ном бурда, ҳазорҳо низомиро ба Хоруғ овардед. Беҳтар он аст, ки марзро ҳифз кунед. Мо силоҳ надорем, аммо мо бо санг ҳам бошад, худро муҳофизат мекунем”,- гуфтааст ӯ.
Баъзе аз сокинони Бадахшон гуфтаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз амалиёти эҳтимолии мақомоти интизомӣ барои боздошти Маҳмадбоқиров ва ҳамроҳонаш навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.
Афсари пешини неруҳои марзбонии Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз чеҳраҳои саршиноси ВМКБ аст, ки мақомоти давлатӣ ӯро ба худсарӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар медонанд, вале бахши васеъ аз мардуми минтақа ба ӯ эҳтиром доранд. Худи ӯ гуфтааст, ки замоне фармондеҳи қисми сарҳадбонӣ дар ноҳияи Мурғоб буд ва дар кушодани роҳи Қулма ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир саҳм дошт.
Дар пайи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва эътироз дар Хоруғ, мақомот дар чанд суҳбати худ тавассути телевизиони Бадахшон аз ӯ ном гирифта, исми ӯро ба ҳодисаҳои ҷиноӣ рабт доданд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоҳоро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонаш унсурҳои ҷиноӣ нестанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ