Мо соҳиб дорем! — мегӯяд сокини Дарвоз Моҳкалон Гулова
Пиразане рӯи зинапояи хонаи навбунёди шаҳраки Яхчии ноҳияи Дарвоз зонуҳояшро ба оринҷаш такя дода, чашм ба осмон дӯхта буд. Гоҳ-гоҳ нигоҳашро аз осмон канда, синчакорона ба масъулине, ки такудав доштанд, менигарист.
Сӯҳбати Шариф Ҳамдампур бо Мавлонова Худайча, ҳамсари муаллим Шоев-Бибӣ, киро интизоред?
-Ҷаноби Олиро.
— Ба ӯ ягон сухани гуфтанӣ доред?
— Васияти мӯйсафедамро ба ҷо меорам. Гуфта буд, ки Ҷаноби Олӣ, ки дар Шӯрообод хамбид, як буқаро меораму пеши пояш пойандоз меандозам. Мӯйсафедро Худо ба ин рӯз нарасонд, гузашт. Ҳоло як буқаи хушрӯй харидам, да шохбандай. Чӣ кор кунум, васияти муйсафедай. Ҷаноби Олиро дар Хусдеҳ интизор будем. Хости Худора бин, ки хунамон зери об монд, хунаи нав сохт Ҷаноби Олӣ. Имрӯз меояд.
-Мӯйсафед чӣ кора буд?
-Намедунӣ? Шоюфи муъаллим. Бо бобои Шералӣ Кабир ошноӣ дошт. Шералӣ Кабира бобош мудири маориф буд дар Қалъаи Хум, хуҷаинам дар Хосдеҳ. Ҳардушон дохундаи сахт буданд. Шералиро надидам, ки гӯям, ки бобот бо муйсафеди ман дохунда буд, ту ҳам бо бачаҳои ман дохундагӣ кун. Давом тиен дохундагира.
-Мӯйсафед Ҷаноби Олиро мешинохт?
Акси Пешвои миллат бо муаллим Шоев дар хонаи навбунёд-Чӣ хел намешинихт? Қалъаи Хумб ки мейомад мегуфт: биё мӯйсафед . Мӯйсафед хурсанд мешуд аз суханои Ҷаноби Олӣ, баъд ба мо мегуфту мегуфт.
-Чӣ мегуфт?
— Ҷое, ки Ҷаноби Олӣ қадам монд, ҷигари гулзор шуд, — мегуфт. Ҳамаи гапи дунёро мегуфт. Раҳ набуд, ба кую куфталҳо мерафтем. Дар даври ҳукумат(манзур замони Иттиҳоди Шӯравӣ) чену чоқ карданд, ҳиҷ сару бунаша наёфтанд. Дар як дам раҳра раҳ кардай, раҳи тахтмон кардай, мо мерем мебёем Душанбе, Кӯлоб беташвиш.
-Агар бо Президент рӯ ба рӯ омадед, чӣ мегуед?
— Васияти мӯйсафедро мегӯям, дуои давлат мекунам: Ҷаноби Олӣ доимо сарбаланд бошен, аз духтару бачатон сер кунен, ҳеҷ вақт дарди сара набинед, поку Парвардигоро доимо рӯи давлат бошен, мегӯям.
Пиразан як чашм сӯи ман, як чашм сӯи осмон дошт. Нигоҳаш пур аз ҳасрат буд. Ҳасрати хонаҳои зери обмонда, ҳасрати умедҳои ба хок бурдаи ҳамсараш.
-Куҷо менигаред?
-Ун сун. Суни чархбол. Ҷаноби Олӣ меояд.
Он рӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебоист дар Шӯрообод сохтмони марҳилаи нави шоҳроҳи Душанбе -Хоруғро оғоз бахшад ва баъдан ба деҳаи Яхчии ноҳияи Дарвоз, ки дар давоми 33 рӯз бунёд гашта буд, ташриф оранд.
Таърихи 8 июли соли 2017 бар асари сел аз дараи Афғонистон селоб пеши рӯди Панҷро мебандад ва хонаҳои як қисмати деҳаҳои Хостав ва Ширдовад зери об мемонад. Деҳаи зери селмонда, хаймаҳои пуродами соҳили дигари дарё (Афғонистон) шоҳиди ин фоҷиаянд. Дар ин соҳили дарё бо дастури Пешвои миллат шаҳраки муосири дорои мактаб, роҳи қирпӯш, бунгоҳи тиббӣ, мағоза ва 21 хона муҷаҳҳаз қомат рост карда буд. Аз хаймаҳои соҳили дигари дарё фиғони кӯдакону оҳи занони ба кунҷи фаромӯшиафтода ба гӯш мерасид.
Сокинони Дарвоз ин ҳодисаро бо талхӣ ба ёд меоранд. Моҳкалон Гулова он лаҳзаҳоро чунин ба хотир меорад:
Аз нақли кампири Моҳкалон:
-Духтари апаам аз Душанбе хонаам меҳмонӣ омад. Ду рӯз бо ман истод. Дар қишлоқ тӯй буд. Бо ҳам тӯй рафтем. Дар мо базми тӯй шаб мегузарад. Либоси тӯёна пӯшидему фанарик дар даст сӯи тӯйхона равон шудем. Як — ду соат тӯй давом карда буд, ки файрод карданд, ки аз тарафи Афғонистон сел омадааст, гурезед. Ҳама халқ, бо кӯдакои майдаашон гурехта, ба кӯҳ баромаданд, бачаҳои ёшак поёни қишлоқ омаданд. Вақте ба қишлоқ омаданд, хонаҳо зери об шуда буданд, ки яке аз он хонаи ман буд. Зиқе шудам, ки 21 сол дар ҳамон хона меҳнат кардам, коштам (кишт кардам), беҳисоб ин дарахтҳои себ, мурғ кардам. Об аз деҳа хеле дур буд, аз дигар ҷо об оварда, дар бехи ниҳолҳоям мерехтам, ки ниҳолҳо сарсабз шаванд, ҳоло ҳамаи ин ниҳолҳо дар болои хок хобанд.
Шояд барои ҳамин ин қадар зиқ, беҳол шудам. Валидол доданд, доруи тез, бӯйи пудина дорад, аз беҳолӣ на бӯяшро мефаҳмидам на тезиашро.
Ҳуҷҷатҳои нафақагириаму як бист сумакам даруни лойқа монд.
Ҳар рӯз намояндаҳои Ҷаноби Олӣ омада, аз ҳоламон пурсон мешуданд, аз чанд тараф ёрдам карданд, ваъда доданд, ки хонат мекунем. Ҳазор қулуқ ба Ҷаноби Олӣ. Раиси ноҳия занг зада, гуфт, ки биё, як бор ҷои хонаи месохтагиро бубин. Гуфтам, барои ман дига фарқ надора, ҳар куҷое бошад Тоҷикистон бошад. Ягон ҷое бошад, ки болои сарам пӯшонидагӣ бошад.
Моҳкалонро гиря гулӯгир месозад ва бо нӯги остин ашки қаторашро пок мекунад. Пас аз андаке гиря дар гулӯ боз ба сухан меояд:
-Гап зада наметавонам, агане ду моҳ барои Ҷаноби Олӣ гап мезадам. Миннатдорам аз Ҷаноби Олӣ, дуо мекунам, ки ҳамеша болои сари мо бошад. Ҳамин қадар мегӯям, ки гиря намекунам, наметавонам, зиқ шудам. Ин хонаи навамон ҳамаи шароит дорад, ҳазор раҳмат.
Ҳамаро Ҷаноби Олӣ кард. Як моҳ нашуда, хонаҳоро обод кардааст, ки гӯё як сол сохтмон карда бошанд. Бовар накунед, мактабро бинед, магазинро бинед, беморхонаро ҳамаашон дар сатҳи олӣ.
Дар мактаби навбунёд-Даврони ҷавонӣ ба чӣ кор машғул будед?
— Кори колхоз, алафдаравӣ, дар фермаи чорвопарварӣ кор кардам. Дар давраҳои мо хондан набуд, нав акнун духтарҳо мехонанду савод мегиранд. Ин ба дараҷаш хуб аст. Ҳамеша духтарҳоро мегӯям, ки хонед, савод гиред. Ҳамин шавҳару фарзанд карданро успет мекунед. Худам агар хондагӣ мешудаму савод медоштам, зиндагиам чунин намешуд.
— Ҳоло хуб аст ё замони шӯравӣ хуб буд?
-А бачам-э, ҳозир хуб аст, ҳич духтар дар ин ҷойҳо намондааст, ҳама ба хонданӣ рафтанд. Ҳатто як хел духтаро ду диплом доранд, мегӯянд, ки бибӣ боз як дипломи дигар гирем, баъд шавҳар мекунем. Манам тарафдори ҳамонҳо ҳастам. Мегӯямашона, ки ҳамин қадаре гардед, ки ду кӯдак кардана вақташро нагузаронед, бас аст. Кӯдаки каму батарбия бошад, 8-9 то таваллуд мекунед, бетарбия мемонанд, ба кӣ даркор аст. Агар гапзанӣ тонам, дар бораи Ҷаноб китоб мебарорам.
—Агар китоб менавиштед, дар чӣ бора менавиштед?
-Дар бораи саргузашти Ҷаноб менавиштам. Сағерапарвару бевапарвару камбағалпарвару ғамхору хоксор аст. Дар ҳамин телевизор, ки мебинӣ сари сағераҳоро сила мекунад. Бевазанҳоро ёрдам мекунад. Ручка, ки менавишт, то охир менавиштам.
Моҳкалон ГуловаҲамон обе, ки хонаҳои моро шуст, хонаҳои афғонро ҳам шуст, то ҳозир дар таги палаткаҳо зиндагӣ доранд. Худо моро ранги ваё накунад. Мо ҷаноб дорем, роҳбар дорем, соҳиб дорем, ки ҳамеша ёрдам мекунад. Ман дар 60 даромада чунин хоная нав мебинам.
Ин дам садои чархбол баланд мешавад. Ҳама аз ҷой мепаранд ва ҷониби чархбол мешитобанд. Ман низ аксбардор дар даст он сӯ метозам.
Дар 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ин сафари 63 — юмини Президент ба Бадахшон буд. Шояд миёни ҳамтоёни худ ӯ ягона Президенте бошад, ки ба як минтақае, ки аҳолиаш ҳамагӣ 184 ҳазор аст, ба ин миқдор сафар анҷом дода бошад. Шоҳиди сафарҳои зиёди ӯ будам ва гузоришҳои зиёдеро дар китоби «Президент. Тафсилоти як сафари пурхатар» рӯи қалам овардаам. Вале пеши чашмам ҳамеша роҳи Девдара, ки шояд тӯли ҳазорҳо сол ҳазорҳо мардуми Бадахшонро ба коми дарёи Панҷ андохтаасту имрӯз ба Гулдара табдил ёфтааст, аён буд. Президент сохтмони давоми ин роҳро, ки дар сахттарин рӯзҳои ба сари кишваромада Тоҷикистонро аз бунбасти иқтисодӣ наҷот дод, мардумро аз коми марг раҳоӣ бахшид, оғоз мебахшад. Мисли оне ки гурба ба дилам чанг андохта буд, мехостам шоҳиди ин лаҳза шавам. Бубинам, ки Президент аз ин дара, ки 20 сол қабл- соли 1997 кӯҳи нофармонро бо нохун рахна карда буду бадахшониён бо нидои «Ту Пешвои моӣ», «Ту Қаҳрамони миллатӣ» истиқболаш гирифта буданд, чӣ гуна убур мекунад, мардум чӣ гуна пазироӣ менамоянд. Ин орзу, хаёлоти ширини рӯзноманигорӣ маро комра дар китф раҳсипори Бадахшонро сохта буд.
Дар шаҳраки навбунёди Яхчисор одамон такя ба бозуи ҳамдигар мекӯшиданд худро болотар гиранд ва ба дидори Пешвои миллат мушарраф шаванд. Нидоҳои «Ту Пешвои моӣ» чун замони фатҳи Девдара ба кӯҳҳо бархӯрда, дар ду тарафи дарёи Панҷ танин меандохтанд. Ин дам дар бағали рости шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ чашмам ба мошини «ГАЗ — 66» афтод, ки 20 сол қабл Пешвои миллат савори он аз Девдара убур карда буд.
«ГАЗ — 66». Соли 1997 — расо 20 сол қабл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин мошин нахустин шуда аз Девдара убур карда будАксбардорро он сӯ нигаронидам ва дубора сӯи чархбол шитофтам. Чархбол фуруд омад. То он лаҳзаи таърихӣ — баъд аз бист соли фурӯ афтодани кӯҳдевори Девдара, ба ҳам бархӯрдани нигоҳи Пешвои миллат ва мардуми Бадахшон, истиқболи ширини онҳо чанд дақиқае боқӣ монда буд. Мехостам ин лаҳзаро дар аксбардор сабт ва бо қалам тасвир кунам. Гумон кардам дар ин як лаҳза тамоми кӯфти роҳ аз бадан баромад. Дар як даст комра ва дар дасти дигар қаламу дафтар анбӯҳи одамонро бурида, ба истиқболи чархбол шитофтам.
Ин дам ҷавони қоматбаланде пеши роҳамро гирифт:
-Шумо дар рӯйхат нестед, канор равед!
Аксбардорро поён кардам ва қаламу дафтар аз дастам афтод.
Аксбардори ман лаҳзаи ба ҳам бархӯрдани нигоҳҳои Пешвои милат ва сокинони диёри домани гардун, супоридани калиди хонаи нав ба 21 нафар сокинони шаҳраки Яхчисорро сабт накард. Нафаҳмидам, ки Моҳкалон ҳангоми гирифтани калиди хона аз дасти Пешвои миллат бо ашки аз шодӣ резон чӣ гуфт ва васияти муаллим Шоевро аз забони ҳамсараш Пешвои миллат чӣ гуна қабул кард.
Хам шудам, ки қаламро бардорам. Қалам шикаста буд…
Шариф Ҳамдампур
Душанбе-Яхчисор-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ