Оташ писари шашсолаашро кушт модар хабар надорад

Оташи мудҳиш ҷони як кӯдаки хурдсолро аз оилаи зодагони Тоҷикистон гирифт
Фоҷиа шаби гузашта дар Екатеринбург дар СНТ «Железнодорожник» ба амал омад, хабар медиҳад нашрияи онлайнии «Е1.РУ Екатеринбург Онлайн».

Сӯхтор дар хонаи истиқоматии зодагони Тоҷикистон, ки бо оилааш зиндагӣ мекард, сар задааст. Падари 36 — солаи хонавода мехост бо писари наврасаш худашон оташро хомӯш кунад, аммо натавонист. Сӯхторнишонҳоро шоҳидони ҳодиса даъват кардаанд.

Аз хонаи оташгирифта, падар ва писари калонӣ тавонистанд аз хонаи сӯхта берун раванд, аммо кӯдаки хурдӣ, писари шашсола ки андаруни хонаи сӯхта истода монда буд натавонист ба берун барояд. Пас аз чанде ҷасади сӯхтаи ӯро берун оварданд.

Аз марги ин тифлаки бегуноҳ ҳанӯз модари муштипараш огоҳӣ надорад, шарҳ медиҳад ВКД.

Чун модар чанде пеш ба аёдати ва нигоҳубини хешовандони бемораш ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳамчунин, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар вилояти Свердловск Валерий Горелих шарҳ дод, ки ин оила дар Шӯъбаҳои кор бо ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аллакай корашонро дар ҷойи ҳодиса анҷом додаанд ва феълан муфаттишон аз рӯи ин қазия кор бурда истодаанд.
Гуфта мешавад, ҳоло се фарзияи рӯйдод баррасӣ карда мешаванд: расиши ноқилҳои барқӣ, аз ҳад зиёд гарм шудани печ дар ванна ё муносибати беэҳтиётии таҷҳизоти печҳо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *