Модар барои писараш худро оташ зад
Дар Остонаи Қазоқистон зане назди бинои додстонӣ худро оташ задааст. Ин зан ҳамроҳи се нафари дигар то назди даромадгоҳи додситонӣ омада, болопӯшашро бароварда ва дар сару рӯяш бензин пошида худро оташ задааст. Бино бар иттилои додситонӣ, ҳаракати зан «ногаҳонӣ ва ғайриинтизор» будааст. Зани маҷруҳ дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ аст, менависанд расонаҳои маҳаллӣ. Тибқи иттилои пешакӣ, ин зан Рисманова М.Е, соли таваллудаш 1968 аст. Додситонӣ мегӯяд, эҳтимол сабаби худсӯзии вай эътироз ба ҳукми писари 28-солааш аст. Моҳи июни соли гузашта писари вай бо айби нигаҳдории маводди мухаддир 4,5 сол зиндонӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ