Модар гӯши духтарашро бо анбур буриду зиндонӣ шуд
Додгоҳе дар Алмаато рӯзи 18 феврал модареро, ки дар давоми шаш соли ахир духтарашро латукӯб мекард, ба шаш соли зиндон маҳкум намуд. Додгоҳ қарор кард, ки Анна Иванова духтараш Дианаро шадидан латукӯб мекард, масъулиятҳои модарии худро иҷро намекард ва ба ҳамин хотир барои ҳар як соли азият кардани духтараш яксолӣ дар зиндон мемонад.
Бори аввал дар Қазоқистон азиятҳои Диана соли 2011 расонаӣ шуд. Он замон модаркалонаш духтари хурдсолро бо асои бағалаш шадидан латукӯб кард ва кӯдакро ба бахши эҳёгарии бемористон интиқол доданд. Баъди ин модаркалонро аз ҳақи муошират бо кӯдак маҳрум карда ба Русия истирдод карданд. Диана дар тарбияи модараш монд. Баъди ин духтарак ба мактаб нарафт, ба гуфтааш, дар рӯи фарш мехобид ва вақте ба хона одамони бегона меомаданд, ӯро ё дар дохили ҷевон ё дар пушти дари ҳаммом пинҳон мекарданд.
Дар додгоҳ кӯдак нақл кард, ки модараш ӯро чигуна азият мекард: гӯшашро бо анбӯр бурида, дандонашро бо болға шикаста буд. Мутахассисон маълум кардаанд, ки Иванова аз бераҳмии шадид духтарашро ҳамеша ба як ҷояш мезад, ва ҷои дард сиҳҳат нашуда, боз ҷароҳат мебардошт.
Анна Иванова гуноҳи худро қисман эътироф кард ва гуфт, ки ҳар вақте ба духтараш даст мебардошт, танҳо ба хотири гуноҳ кардани ӯ буд.
Анна Иванова ба ҷуз Диана боз ду духтари калонтари дигар дорад. Калониаш 18-сола аст. Дианаро дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ ба тарбияи волидони муваққатӣ ва ба шаҳри дигар интиқол доданд. Каме дертар қарор аст сохторҳои махсуси парасторӣ сарнавишти минбаъдаи кӯдакро муайян кунанд.
Дар қарори додгоҳ инчунин амр шудааст, ки масъулият ва кори хадамоти парасторӣ ҳам санҷида шавад. Онҳо бояд ба ин савол посух диҳанд, ки чаро вақте кӯдак бо нишонаҳои латукӯб ба мактаб ҳозир мешуд, касе чораҷӯӣ накард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ