Доро Суҳробӣ зодаи шаҳри Панҷакент аст. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро хатм карда, айни замон котиби матбуотии ин муассисаи олии муътабар мебошад. Ӯ аз даврони донишҷӯйӣ бо ВАО ҳамкорӣ дорад ва феълан роҳбари маҳфили “Тулӯи сухан” дар назди донишкада мебошад. Доро машқи шеър ҳам мекунад, ки чанд намунаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Моро бубахш, модар

Мо тарки лона кардем, моро бубахш, модар.

Хизмат ба ту накардем, моро бубахш, модар.

Рӯят чу моҳи тобон, тобад ба роҳи моён,

Ҳодии рӯшанистон, моро бубахш, модар.

Дасти ту заҳматоин, наққоши ранги заррин,

Дунё намуда озин, моро бубахш, модар.

Ту субҳи босафоӣ, бар дарди мо шифоӣ,

Нуре ба дидаҳоӣ, моро бубахш, модар.

Хуршеди ховари мо, дарёву гавҳари мо,

Ҳастӣ ту довари мо, моро бубахш, модар.

Дорад ҳамеша Доро аз ту дуо таманно,

Хоҳӣ саодати мо, моро бубахш, модар.

Қиссаи ту

Хуршеду моҳтоби само гиря мекунад,

Фарҳоду кӯҳу акси садо гиря мекунад.

Селоби ашк хонаи чашми маро харид,

Боди сабо зи фосилаҳо гиря мекунад.

Абри сияҳ гирифт ҳама осмони дил,

Равзан ба ёди нуру сафо гиря мекунад.

Дигар ба роҳи баста ба кӯят намеравам,

Наздам биё, ки он раҳи мо гиря мекунад.

Ман бо умеди дидани рӯйи ту зиндаам,

Ҳамроҳи ман замину само гиря мекунад.

Доро, назар ба ҳоли дили зори хеш кун,

Аз қиссаи ту шоҳу гадо гиря мекунад

Тоҷикистон

Тоҷикистон куҳсорат дилкаш аст,

Бешазору сабзазорат дилкаш аст!

Ҳар канорат чун чаман гул кардааст,

Ҳар дами фасли баҳорат дилкаш аст!

Рутбаи рангинкамон бахши ба нур.

Обҳои нуқраворат дилкаш аст!

Мутрибони дар ҳунар воломақом,

Булбулони шохсорат дилкаш аст!

Ҷашни Наврӯзии ту хуш бигзарад,

Баҳри мо ин ёдгорат дилкаш аст!

Маскани меҳри бузурги оламӣ,

Чун биҳишти ҳар канорат дилкаш аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *