Модар тифли 14 ҳафтаинаашро дар тафдони тасфон ҷой кард

Дар соли 2002-юм Роберт  Смит аз дохили тафдони ҷӯш духтарчаи 14 ҳафтаинаашро дарёфт.  Модари кӯдак, Мелиса  Райт, аз тафдон ҳамаи рафҳояшро гирифта, дар ҳарорати 600 дараҷа гузошта, духтарашро ба дохили он мегузорад.

Кудак то дараҷаи  3-юм сӯхта 28 ҷарроҳии пластикиро  аз сар гузаронд.

Ҳозир Эшли 15 сола аст ва нияти мактаб рафтанро дорад.

Дар соли 2003  Райтро ба муддати 25 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Аз аввал зан изҳор дошт , ки  кӯдак аз дасташ ногаҳон афтидаасту дари тафдон худ маҳкам шудааст. Баъди чанд муддат зан иқрор шуд, ки  «вай овози касере шунид, ки ба ӯ фармон додаст, то ин корро кунад.

Дар моҳи июли  соли равон ӯ хоҳиш кардааст, ки уро шартан озод намоянд, аммо ин хоҳиши ӯро рад шудаас. Бори дуввум ӯ ин хоҳишашоро соли 2021 карда метавонад.

Кортни Бренсон апаи Эшли , ки аз ӯ 8 сол калон аст, аз додситон хоҳиши шартан озод шудани модарашро намудааст.

«Ман  ӯро якчанд бор хабар гирифтам. Вай чанд маротиба табобати психологӣ гирифт. Инчунин курсҳои пешгирии бераҳмӣ нисбати кӯдаконро гӯш кард.. Фикр мекунам, модарам тамоман ҳолати рӯҳияш хуб шуда, ислоҳ шудааст ва тамоман шахси дигар аст»-нақл мекунад Кортни.

Худи Эшли бошад, ба  озодӣ баромани модараш умуман намехоҳад.

«Ман фикр мекунам, ки Мелиса бояд дар маҳбас якчанд соли дигар  истад»-  кайд кард духтарак дар сари суд. « Ман то ҳол ба ӯ бовар надорам ва аз ӯ метарсам . Шояд, ҳамон дарде, ки ман аз Сарам гузарондам, ба душмани ашадиям раво намебинам».

Ман уро бад намебинам, аммо дӯсташ намедорам. Ман ӯро бахшидаам.

Ба гуфтаи Эшли, модараш барои гуноҳи кардааш аз вай боре ҳам бахшиш напурсидааст.

 

Осеби  кӯдакии Эшли дар гузашта мондааст . Ӯ орзӯҳои зиёд дорад  ва бо бовари и комил ба оянда менигард! Ба ӯ муваффақият мехоҳем!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *