Модарам моро мекушад, падарҷон!
Телефони идора беист занг мезад. Азбаски машғули омода намудани маводҳои худ будам, аз ҳамкорам Маҳина хоҳиш кардам, ки ҷавоб диҳад.
Маҳина гӯширо бардошту баъди лаҳзае гуфт:
-Рустам, коратро монда телефонро бигир, як писарак мехоҳад бо воситаи саҳифаи “Муҳочир” дарди дилашро ба падараш бирасонад.
Аз сари компютер бархоста гӯшаки телефонро бардоштам. Аз он ҷониб садои кӯдаконе омад:
-Акаи Рустам, ман Дилмурод ном дорам, аз Хоруғи Бадахшонам. Модарамон ҷони моро ба лабамон расондааст, илтимос, дарди дили моро чоп кунед, то ки падарам фаҳмида баргардад.
-Додарҷон, чӣ дарде, ки дошта бошӣ, нотарсона гуфтан гир, мо ҳатман розу ниёзи қалби туро дар саҳифаи “Муҳоҷир” ҷой медиҳем,-Писаракро дилпур намудам ман.
-Мо дар оила се нафарем. Ману бародарам ва хоҳараки панҷсолаамон. Падарам дар Русия мардикорӣ карда ҳар моҳ ба хона пул мефиристад, то мо аз ягон чиз танқисӣ накашем. Ростӣ, аз хӯрду хӯроку пӯшок ягон камбудӣ надорем, вале модарам ҳар рӯз моро озор дода, як луқма нони мехӯрдаамонро дар танамон заҳр мекунад. Модар не, мори заҳрнок аст, мудом моро неш зада, чунон ҳақоратҳое мекунад, ки ба такрор карданаш забони кас намегардад. Ҳамаамонро мезанад, биёр бераҳмона мезанад.
-Чаро ба падаратон намегӯед, ки модаратон шуморо озор медиҳад?
-Модарам намемонад, ки бо падарам гап занем. Ҳар гоҳ падарам занг зада моро пурсад, дурӯғ мегӯяд, ки бачаҳоят дар кӯча хокбозӣ доранд. Ман 9-солааму бародарам 7-сола, вале аллакай аз зиндагӣ безор шудаем. Аз куҳу пушта ҳезум мекашем, гову молро бонӣ мекунем, алаф даравида меорем, хона мерӯбем, ҷойгаҳ меғундорем, хулоса тамоми кору бори хонаро мекунему бар ивазаш боз шатта мехӯрем.
Модарамон дар ҳар як кори мо ягон камбудӣ ёфта моро дар назди ҳама ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор бо мушту лагад ва чӯб мезанад. Рӯзе алаф дар пушт омада истода будам, ки ба гӯшам садои пичир-пичири ду ҳамсоязан расид. Яке аз он занҳо, ки навомад буд, кӣ будани маро пурсиду дигарӣ лаб газида гуфт: “Ин бачаи Лутфулло, ба ғайр аз ин боз як духтару як писари дигар дорад, модарашон духтарчаро зоида сари фарзанд рафт. Моиндарашон ин бечораҳоро чунон азоб медиҳад, ки ногуфтанӣ. Бисёр занаки золим аст моиндараш, сағераҳои бечораро бисёр бераҳмона мезанад…” Росташро гӯям, ин гапро шунидаму ҳуш аз сарам парид, дарзаи алафро ба замин партофта ба назди он кампир рафтам ва зорӣ кардам, ки рости гапро гӯяд, вале аз афташ аз ҷаҳли модарам тарсид, ки домонашро аз дастам раҳо карду чизе нагуфта ба хонааш даромад. Аз ҳамин хотир ба идораи “Оила” занг зада истодаам, то ба падарам тариқи ин саҳифа бигӯям:
-Падарҷон, илтимос, росташро гӯед, мо писарони ҳамин зан ҳастем ё модари худамон аз олам гузаштаасту ӯ моиндари мост? Модари худамон бошад, пас чаро моро ин қадар бераҳмона мезанаду ранҷу азоб медиҳад? Дар умрамон аз забонаш ягон бор ягон сухани ширин нашунидаем. Наход модар ҳамин хел шавад? Падарҷон, гумон накунед, ки ҳақиқатро фаҳмида мо тарки хонаву дар мекунем. Санги осиёбро ба сарамон гардон кунанд ҳам, хотири шумо ба ягон ҷо намеравем, вале мехоҳем донем, ки чаро ин зан, ки модараш мехонем, зиндагии моро ба дӯзах табдил додан мехоҳад. Илтимос, ба саволам ҷавоб деҳ, падарҷон!
Дилмурод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ