Модарам набераҳояшро сағера карданист
Салом хонандагони азиз! Шояд баъди хондани номаам маро маломат карда гӯед, ки барои зан шуда аз рӯйи модар, ки фариштаи заминист, шикоят намудааст, вале ба ҷуз муроҷиат намудан ба редаксия ман дигар чора надорам, зеро зиндагиам дар ҳоли вайроншавӣ қарор дорад.
Рӯзе нест, ки модарам “зани ту танбали нокора, муғамбир, ноқисулақл, нописанд ва ғайраю ҳоказо гуфта асабҳоямро хароб накунад. Чанд бор ба гапи модарам дода шуда занамро бераҳмона зери мушту лагад гирифтам, чойнику пиёлаҳоро дар сараш зада майда-майда кардам. Барои чӣ рӯзи дароз телефонбозӣ мекунӣ гуфта, телефонашро зада шикастам, вале баъд ба рафтори келину хушдоман зеҳн монда, пай бурдам, ки аслан ҳамсари ман чандон духтари бад нест. Вай сари субҳ аз хоб хеста тамоми кору бори хонаро мекунад, ҷавонзани пурбардошт ва хоксору меҳрубон аст, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ситорааш ҳеҷ ба модарам писанд намеояд. Кампир мудом аз зери нохун чирк кофта, бо ягон баҳона кӯшиш мекунад, ки моро ҷанг андозад. Вақте ки ман ба сари занам даст мебардорам, чашмони модарам аз хурсандӣ нур мегиранд. Вай ончунон келинашро бад мебинад, ки ба фикрам, агар ба сари ҳамсари ман ягон фалокат омада бимирад, модарам аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирад. Аз зарби задану кӯфтан ҳамсарам бемор шудааст, аз ин рӯ, пеши худ қарор додам, ки дигар ба гапҳои модарам дода шуда, баҳудаю беҳуда занамро намезанам. Кампир ба шӯр андохтани ӯ аҳамият надоданамро дида ба ғазаб меояд ва ба сари ман дод зада мегӯяд:
-Мӯр ту занкалони латта, ҳамин хел кардан гирӣ, занат туро хар карда савор мешавад….
Суханони таҳқиромез ва нешдори модарамро шунида аламам меояд, вале базӯр худамро дошта, бо ӯ сар ба сар намешавам, зеро хуб медонам, ки баъди садамаи нақлиётӣ асабҳои кампир пура хароб гаштаанд. Шояд асрори зиндагиамро бо худ ба зери хоки сард мебурдам, агар танҳо модарам ба зиндагии ману ҳамсарам кордор мешуд, вале ба ҳаёти мо бинӣ халондани тамоми аҳли оила косаи сабри маро лабрез мегардонад. Ҳафтае нагузашта бародаронам занг заданд ва суханони модарамро об дода, маро занкалону тарсончак гӯён таҳқир намуданд. Гапҳои онҳоро шунида хун ба сарам зад.
Дар миёни дуроҳаи зиндагӣ ҳайрон монда, чӣ карданамро намедонам, агар тарафи занамро гирам, модару бародаронам аз ман меранҷанд, ба гапи пайвандонам амал намоям, оқибат хонавайрон мешавам.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам: модарам аз таги нохун чирк мекобад гуфта, занамро талоқ диҳаму фарзандонамро сағира кунам ё гӯшамро ба карӣ зада ба занкалонӣ ном барорам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ