Модарамро меҷӯям!

Салом ба аҳли қалам ва кулли хонандагони “Оила”-и азиз! Мавзуна ном дорам. 24 сол дорам. 22 сол боз аз дидори азизтарин шахс-модар маҳрум ҳастам.

Мани сарсахт нав 2- сола будаам, ки силоҳдорон падарамро бераҳмона ба қатл расонидаанд. Модарам аз тарси он ки рӯзе ӯро ҳам мекушанду мани хурдакак бесоҳиб монда, пеш-пеши пойи мардум мешавам, маро ба бобою бибии падариам дода, баромада рафтааст. Модарҷонам пеш аз рафтанаш хонаеро, ки оилаи хурдакаки мо дар онҷо зиндагӣ мекард, фурӯхта ба пулаш аз назди ҳавлии бобоям як ҳавлича харида, таъкид намудааст, ки агар духтарам монад, вақти ба шавҳар баромаданаш ин хонаро аз номи ману падараш ба ӯ туҳфа кунед. Ростӣ, бо сабаби вақти аз ҳамдигар ҷудо шуданамон ниҳоят хурд буданам ман симои модарамро дар ёд надорам, вале бобою бибӣ ва хешу табори падариам мегӯянд, ки ҷавонзани зебои меҳрубону покдомон ва бисёр дасткушод буд. Ҳамсари амакам рӯзе аз модарам ба некӣ ёд карда гуфт, ки ҳангоми туро ба хона овардан он қадар ҷигархун буд, ки ногуфтанӣ. Дилаш намехост туро тарк кунад, аммо илоҷи дигар надошт, маҷбур буд…

Нақли хешу табор дар бораи модарҷонам маро беш аз беш ташнаи дидор гардонида сабру қарорамро мерабояд. Мехоҳам ҳарчи зудтар модарҷонамро пайдо карда, сарамро ба домонаш гузорам ва хумори ношикастаи даврони кӯдакиамро бишканам. Чанд бор ба хонаи дар ноҳияи Шаҳринав будаашон рафтем, вале дарро ба рӯямон одамони тамоман бегона кушода гуфтанд, ки онҳо чандин сол пеш ин хонаро харидаанд ва дар бораи соҳибони пештарааш чизеро намедонанд.

Аз минбари “Оила” ба модарам Маҳина Аминова гуфтаниям:

-Модарҷон, куҷое, ки набошӣ, аз  худат дарак деҳ, зеро дар тӯли  22 сол туро зиёд ёд кардам ва намехоҳам аз ин беш ранҷи бемодарӣ кашам!

Мавзуна, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *