Модари Ҳасан Асадуллозода бемор шудааст

Ӯзбекбӣ Асадуллоевамодари Ҳасан Асадуллозода дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, дар Душанбе бистарӣ карда шудааст. Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар ҳамин ҷо, дар хонаи писари калониаш Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев зиндагӣ мекунад.
Ӯзбекбӣ Асадуллоева 88 сол ва 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дорад.

Писари калонии ӯ Ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳамчунин Шамсулло ва Ҳусейн (дугоникии Ҳасан Асадуллозода) дар водии Вахш заминҳои кишоварзӣ доранд, вале ба сиёсати калон дахолат намекунанд.
Амирулло Холов, писари дигараш чандин сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд. Амонулло Саъдуллоев як мансабдори пурнуфуз дар ширкати “Барқи Тоҷик” мебошад.
Як духтари ӯ ҳамсари Нахшов, роҳбари филиали “Амонатбанк” дар ноҳияи Сино буд. Нахшов соли 2018 аз олам чашм пӯшид.
Фарзандони машҳуртарини Ӯзбекбӣ Асадуллоева Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *