Модари 4 сагу 20 гурба

Хонум Ирода аз зумраи бонувоне аст, ки тамоми ҳастии худро ба нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ бахшида, бо ҳамин васила ғаму андуҳро фаромӯш ва талхиҳои зиндагиро пушти сар кардааст. Сабаби дил бастан ва робитаи пайвастаи худро нисбати ҷонваракон, Иродабону дар он маънидод месозад, ки аз одамон дида, ҳайвонҳо бештар вафодор ҳастанд. Ҳамин аст, ки Ирода бештари вақти худро бо нигоҳубини ҳайвонҳои хонагӣ сипарӣ менамояд.

“Дилам ба ҳайвонҳо месӯзад”

Ирода зодаи шаҳри Бухоро асту чанд сол қабл бо аҳли оилаашон ба шаҳри Душанбе кӯчидааст. Феълан дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт ҳавлӣ дорад. Қаҳрамони мо дар хонааш чор саг ва зиёда аз 20 гурбаи бесарпаноҳро нигоҳубин мекунад.

-Ман аз ин ҷонварон ягон фоида намебинам, балки онҳо ба ман зарар меоваранд. Вале чӣ кор кунам, ки дилам ба ҳайвонҳои бесоҳиб месӯзад. Вақте дар роҳ ё дар партовгоҳ гурбачаеро дунболи ғизо мебинам, ашк гулӯгирам мекунад,-қайд мекунад ӯ.

Ин зан мегӯяд, гурбаҳояш ба ҳамдигар ягон робитаи хешутаборӣ надоранд, зеро бо усули ҷарроҳӣ Ирода намегузорад насли онҳо зиёд гардад. Ба гуфтаи ин бонуи раҳмдил гурбаҳояш хеле ором ҳастанду байни худ хархаша намекунанд.

Зиндагӣ бо ҳайвонҳо

Зимни суҳбат қаҳрамони мо шикоят аз он намуд, ки нигоҳубини ҳайвонҳо аз инсон масъулияти зиёд талаб мекунад. Давоми ҳар чанд моҳ бояд ба ҷонваракон ваксина гузаронида шавад, то ки ба ягон намуди вирус гирифтор нашаванд. Инчунин, вақте яке аз ҳайвонҳо бемор мешавад, онро фавран бояд ба назди духтур бурд.

-Фикр мекунам дар зиндагӣ ягон кор бе мушкилӣ намешавад. Ман худам духтур ҳастам, вале духтури ҳайвонот не, аз ин лиҳоз, танҳо метавонам онҳоро эмгузаронӣ кунам. Дар аввал зиндагӣ бо чунин миқдори ҳайвонҳо каме душвор буд, ҳоло бошад, аз баҳрашон гузашта наметавонам. Зеро дар байни онҳо гурбаҳои маъюбе ҳастанд, ки даст надоранд ё роҳ гашта наметавонанд.

Хонум Ирода мегӯяд, ҷонваронро танҳо мондан имконнопазир аст, ҳатто бо аҳли оилааш ба ягон минтақаи дур сафар карда наметавонанд, чунки дар як рӯз зиёда аз шаш соати вақти худро бо нигоҳубини онҳо мегузаронад. Ӯ ҳатто ба ҳар як ҷонвар ном гузоштаву нисбаташон меҳрубонии хоса зоҳир менамояд:

-Субҳгоҳон ду- се соат ба онҳо хӯрок дода, ҷойҳои хобашонро тоза мекунам. Гоҳе бо онҳо бозӣ мекунам, агар гурбаҳо хурсанд бошанд, ман ҳам шод мешавам. Нигоҳубини сагҳо нисбатан осонтар аст, зеро онҳо дар ҳавлӣ мегарданд, аммо гурбаҳо, ки дар даруни хона ҳастанд, бештар ба тозагӣ аҳамият бояд дод.

Пуштибони ҷонварон

Дар аввал атрофиён нисбати он ки Ирода дар хонааш сагу гурбаҳои зиёдро нигоҳ медорад, назари хуб надоштанд. Ҳоло бошад, тамоми ҳамсояҳо ӯро эҳтиром мекунанд. Қаҳрамони мо мегӯяд, бештари вақт кӯдакони гирду атроф дар ҳар ҷое ҷонварони бесарпаноҳро пайдо намоянд, ҳатман онро ба хонаи Ирода меоранд:

-Баъзан ба кӯдакон мегӯям, ки дигар ба хонаи ман сагу гурба наоред, бе ҳамин ҳам шумораашон зиёд аст, вале боз дилам намешавад. Хубии кор дар он аст, ки ба ман бештари вақт ҳамсарам кӯмак мекунад. Ҳамсояҳо низ дар ин кори хайр ба мо мадад мерасонанд.

“Модари ҳайвонҳо”

Инак, 15 сол боз Ирода бо нигоҳубини ҳайвонҳои бесарпаноҳ машғул аст. Ба ӯ дар чанд ҷой пешниҳоди кор кардаанд, вале ҳоло ба кор ниёз надорад, ҳамсараш оиларо таъмин мекунад. Хонум Ирода мегӯяд, ки  дигар наметавонад аз ҷонваронаш ҷудо шавад, чун онҳо барояш мисли фарзанд шудаанду ӯ ба гурбаву сагҳо модар гардидааст.

С.Убайдуллозода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *