Модари бачафурӯш ба даст афтод

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд.
Муайян гардид, ки зани гумонбаршуда, рӯзи 6-уми декабри соли 2016 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе тифли ҷинсаш духтар таваллуд карда, онро рӯзи 14-уми декабри ҳамон сол ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *