Модари бераҳм кӯдаконро аввал бо рӯймол бӯғӣ кардааст

Кумитаи тафтишотии Русия  хабар дода , ки нимаи дуюми рӯзи 22 декабр ду кӯдакро аз қаъри  ҷарие дар деҳаи Прокудинои вилояти Саратов  пайдо кардаанд.

Гурӯҳи ёрии таъҷилии расида, марги писарбачаи соли тавллудаш  2013-ро муайян карданд. Духтарчаи  5 сола  бошад, ба бемористон мунтақил шуда, вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Ваняи 8-сола ва Аняи 5-сола аз оилаи оддӣ ҳастанд. Аммо ба наздикӣ волидон аз ҳамдигар  ҷудо шуданд ва модари онҳо Вера Зайцеваи 43-сола кӯшиш кард, ки онҳоро аз мактаб гирифта ба таълими  хонагӣ гузаронад. Мактаб ин тасмимро напазируфта ва модар кӯдаконро гирифта, ба самти номаълум рафт.

Нисфирӯзӣ як раҳгузар кӯдаконро дар зери барф пайдо кард. Онҳо танҳо бо либоси таҳпушӣ  буданд. Писарбача аз сардӣ  даргузашт, аммо табибон ҳоло барои ҳаёти духтарча  мубориза мебаранд Сармо дар давоми 24 соати охир дар ин минтақа то ба -20 дараҷа расид. Аллакай тафтишот нишон додааст,ки  модари ду кӯдаки яхбаста  пеш аз он ки онҳоро ба ҷарӣ  партояд, бо рӯймол буғӣ карда будааст. Тибқи иттилои шабакаи Telegram Mash,  зан аз писару духтараш барои итоат накардан хашмгин шуда  будааст. Аввал модар писарашро бо рӯймол буғӣ кардаасту баъд духтарашро. Вақте ки кӯдакон нишонаи ҳаётро аз даст надоданд, зан ҷасади онҳоро ба ҷарӣ партофта, худ ғайб мезанад. Рӯзи фоҷеа ин зан ба роҳбари синфи писараш навиштааст, ки ӯ ба мактаб намеравад. Кумитаи тафтишот дар робита ба ин ҳодиса бар асоси ду модда – «Куштори ноболиғ бо бераҳмии махсус» ва «Суиқасд ба куштори ду ноболиғ» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *