Модари Дилмурод Фозилов: Писарамро бегуноҳ куштанд (Видео)
Лолахон Расулова, модари Дилмурод Фозилов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мегӯяд, ки писарашро бегуноҳ куштаанд. Зеро ӯ дар оилаи камбизоат ва бепадар ба воя расидаву ягона дастёри модараш буд.
Лолахон Расулова, модари Дилмурод Фозилов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, мегӯяд, ки писарашро бегуноҳ куштаанд. Зеро ӯ дар оилаи камбизоат ва бепадар ба воя расидаву ягона дастёри модараш буд.
Ҳодиса субҳи 8-уми октябри соли ҷорӣ, соати 7:30 дақиқа, дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино рух дод. Дар марги Дилмурод Фозилов донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Убайдулло Қурбонов гумонбар дониста мешавад. Модари марҳум Дилмурод Фозилов дар суҳбат ба хабарнигори «Тajikistantimes» гуфт: «Ман ҳамагӣ се фарзанд дорам. Дилмурод ягона марди хонадони мо буд. Як апа ва як хоҳари бемор дорад.
Ҳар се фарзандамро бе падар бо хуни ҷигар калон кардаам. Мо бо Дилмуродҷон гӯё мисли дугона будем ва ҳамавақт ба ҳам розӣ дил мекардем. Ман, ки дар беморхонаи Қарияи боло ба ҳайси фаррош кор мекардам, писарам ҳар субҳ аввал ба ман кӯмак расонида, баъд ба донишгоҳ мерафт. Ҳеҷ гоҳ аз ин кор шарм намекард. Боре ҳам Дилмурод бо касе ҷанг накарда буд. Зеро доим баъд аз дарсҳояш ба хона омада, мудом аз пайи корҳои хона буд».
Тафсилоти бештари ҳодисаи марги Дилмурод Фозилов ва гумонбари ин ҳодиса Убайдулло Қурбоновро аз забони шоҳидон, ҳамсабақон, пайвандон ва устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.
Мумтоз Бозорбоева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ