Модари Дилноза Каримова ҳам вафот кард
Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷанозаи Матлуба Розиқова – модари овозхони шинохта Дилноза Каримоваро ба хок супурданд. Дилноза ҳамагӣ се рӯз пеш фарзанди шашсолааш Диёрбекро дафн карда буд. Наздикони ин хонавода мегӯянд, Матлуба Розиқоваро марги наберааш Диёрбек аз по афканд.
Матлуба Розиқова – модари овозхони шинохта Дилноза Розиқова шаби шанбе дар синни 61 ааз олам гузашт. Матлуба Розиқова вақтҳои охир бемори бистарӣ буд, вале хабари марги набераи шашсолааш Диёрбек ӯро комилан аз пой афканд. Рӯзи 7 январ Матлуба Розиқоваро дар оромгоҳи Гумбази қошуқ, дар канори наберааш ба хок супурданд.
Матлуба Розиқова Донишгкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, дар солҳои 80 дар ансамбли бонувони рубобнавоз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси яккахон ҳунарнамоӣ мекард. Баъди шурӯи фаъолияти ҳунарии духтараш Дилноза Матлуба Розиқова асосан ба ташкили ҳунарнамоиҳои ӯ машғул буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ