Модари Меҳринигор: Дар Однаклассникию Фейсбук аз номи Меҳринигор аз бачаҳо пул мегиранд!

Имрӯз модари сарояндаи эстрадаи тоҷик, меҳринигори Рустам дар сӯҳбати ихтисоси бо Tajikistantimes.tj гуфт ,ки дар сомонаи иҷтимоии Одноклассники аз номи духтараш ҷавоне саҳифаи шахси кушода, бо ҷавононмардони мухлиси Меҳринигор буда мусоҳиб шуда, аз эшон пули калон талаб карда, онҳоро ба мулоқот даъват мекардааст:- Ду моҳ пеш ба хонаамон кормандони ҳифзи ҳуқуқ  омаданд. Аз дидани чунин меҳмонҳои нохонда ҳам ҳайрон шудам ва ҳам каме ба ваҳм афтодам.

                         

Чун маълум аст, ки агар ягон кирдори ҷиноӣ нашавад, корманди ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия даратро намекӯбад. Чун мақсади омаданашонро фаҳмидам, ҳуш аз сарам парид: маълум шуд, ки он «ҷавондухтар» як ҷавони духтармиҷоз буда, дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» аз номи духтари ман саҳифаи шахсӣ кушода, бо мухлисонаш бо меҳру муҳаббат ҳарф  мезадааст. Вақте, ки муносибаташон «наздиктар» мешудааст, мухлисон хоҳиши бо «Меҳринигор» вохӯрданро мекардаанд. Аммо ин разил барои вохурӣ пул талаб мекардааст.  Онҳо розӣ мешудаанд. Ин бошад ба ҷойи «Меҳринигор»-и дар Одноклассники сохтааш «дугонааш»- ро мефиристодааст. Он «дугона» худашро ҷияни ман- духтари холаи Меҳринигор муаррифӣ намуда, мегуфтааст, ки «Меҳринигор дар студия ба сабти суруд банд аст, шумо пулро ба ман диҳед, ӯ дафъаи дигар ба вохӯрӣ меояд. Шумо бемалол бо Меҳринигор дар Одноклассники сӯҳбат кардан гиред.Хонум Адиба дар идомаи сӯҳбат афзуд:- Баъди ин он «Меҳринигор» дар сомонаи Одноклассники аз мухлисонаш изҳори ташаккур намуда, мегуфтааст. ки пули равон намудаашонро гирифт ва то ҷое ягон суруди навбаровардаи духтарамро фиристода мегуфтааст, ки ин барои шумо.  Даҳшатовар он аст, ки ин тақаллубкор на як бору ду бор, балки чандин маротиба аз мухлисони бечора маблағ меситонидааст.Ба суоли он ки «Тақдири он тақаллубкорон чӣ шуд?», хонум Адиба бо афсурдахотирӣ гуфт, ки «мутаассифона, он разилонро озод карданд».Дар охир хонум Адиба хоҳиш кард, ки ягон кас дар сомонаи Одноклассники бо «меҳринигор»- ҳои тақаллубӣ муколама накунад:- Бовар кунед духтари ман чунон банд аст ,ки вақти дар Одноклассники нишастан надорад.  Ман то ҳол баъди ин ҳодиса ба худ наомадаам.

                             

Агар ман донам, ки духтари ман чақ-чақию шӯхтабиат бошад, ман гӯям, ки « ҳа аз дасти ин лаққӣ ҳар кор меояд», аммо не, Меҳринигори ман чунон духтари оромтабиат ва камгап аст, ки аз даҳонаш гапро «медуздӣ». Дар хона агар миллион кас бошад, ягон касе аз онҳо садояшро намешунавад. Ҳамеша банди кори эҷодӣ аст. На ба бади як кас кор дорад, на ба некаш. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҳакки касеро нахӯрдааст, чӣ расад ба талаб кардани пул аз мухлисонаш! Ба шунидам чунин «Меҳринигор»- ҳои қалбакӣ дар Фейсбук ҳам зиёд шудааст.Ман танҳо як хоҳиш дорам:

                           

Илтимос дар сомонаи одноклассники бо «Меҳринигор»- ҳои тақаллубӣ мукотиба накунед, онҳо ба духтари ман ягон рабте надоранд ва агар ягоне аз онҳо барои «свидания» пул талаб кунанд, зуд ба милиса дар тамос шавед! Шояд ин дафъа чораҳои ҷиддитарро нисбати ин разилон бубинанд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

13 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *