Модари муовини раис дар синни 70-солагӣ аз коронавирус сиҳат шуд
Модари Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирифтори бемории сироятии коранавирус шуд. Модари номбурда 70 -сола будааст. Дар ин бора худи Назира Амирбекзода дар саҳифаи Фейсбук хабар дода, гуфтааст:
“Модари 70- солаам баъди гузаронидани ташхис дар Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ, табибон муайян намуданд, ки ба бемории COVID-19 гирифтор аст. Коронавирус барои ин синну сол албатта осебпазир ва гуруҳи хавф (группа риск) унвон мешавад ва пуршиддаттар мегузарад. Баъди 14 рӯзи дастбагиребонии шадид ва маҳз сари вақт табобат гирифтан аз ин беморӣ шифо ёфтанд”.
Модари муовини раиси вилоят Қурбонбекова Зумрад Дилдорбекова соли 1950 таваллуд шуда, истиқоматкунандаи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон мебошад. “Ҳоло модарам дар иҳотаи наздиконаш дар хона қарор доранд. Давраи бӯҳронӣ паси сар шуд. Пас набояд тарсид, мо низ ғолиб хохем гардид”,-мегӯяд Назира Амирбекзода.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то соати 17:30 дақиқаи 19 май дар Тоҷикистон 207 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба итилои манбаъ, то ин дам 1936 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.Тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
То 19 майи соли равон дар мамлакат 3781 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 641 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ