Модари Роналду сактаи қалб шуд
Долорес Авейру модари ҳамлавари бошгоҳи «Ювентус» ва тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду шаби гузашта сактаи қалбро аз сар гузаронд.
Тибқи иттилои расонаҳо дирӯз, тақрибан соати 5:30 Долорес Авейруви 65-сола сактаи қалбро аз сар гузаронд ва ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи шаҳри Фунчал, ҷазираи Мадейра Роналдо, бурда шуд ва ҷарроҳӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки агар сари вақт табибон ба модари Роналду расидагӣ намекарданд, ин намуди сактаи қалб ба фалаҷшавӣ ва ба душвории сухан кардан оварда мерасонд.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон Долорес Авейро дар ҳолати мӯътадил қарор дорад ва бахуд аст. Барои муайян кардани шиддати оқибатҳои инсулт духтурон бояд як қатор озмоишҳо гузаронанд.
Гуфта мешавад, ки Роналду аллакай ба Мадейра парвоз кардааст.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2007 модари Роналду саратони синаро мағлуб карда, як варамро аз синааш ҷудо кардааст. Дар соли 2019, вай хабар дод, ки боз бо саратони сина дучор шуд ва табобатро идома медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ