Модари Субҳони Ҷалил даргузашт
Субҳи имрӯз модари Субҳон Ҷалилов дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт.
Як нафар аз пайвандони марҳум дар суҳбат ба сомона tajikistantimes.com қайд кард, ки марҳум бемории вазнин надошт ва озодона гашту гузор мекард. Баъзан аз дарди пойҳо шикоят мекард, ки он ҳам ҷиддӣ набуд.
Имрӯз соати 16:00 дар шаҳраки Файзобод ҷанозаи маита баргузор мешавад. Мо аҳли қалами ҶДММ “ОИЛА” ба ҳамкасби гиромӣ Субҳони Ҷалил бинобар даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба эшон ва пайвандони ӯ сабри ҷамил хоҳонем.
Субҳон Ҷалилов, ровии шинохтаи тоҷик, муаллиф ва барандаи барномаи субҳонаи “Субҳи Ватан”-и “Радиои Ватан” мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ