Модари тоҷик дигар нобиға намезояд?!
Ҳафтаи гузашта дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори 75-умин солгарди умр ва 50 – солагии фаъолияти эҷодии адиби намоёни тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Кароматулло Мирзоев маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гашт. Дар қатори дигар ташнагони адабиёт банда низ дар ин ҷашни зебо иштирок доштам. Мухлисони асарҳои бебаҳои Кароматулло Мирзоев адиби дӯстдоштаи худро гулборон карданд, дӯстону ҳамқаламонаш Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Сайдалӣ Маъмур, Кароматулло Олимов ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз нақши «Дарди ишқ», «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Марги бегуноҳ» , «Маоши аввалин», «Деҳаро хоб мебинам» ва дигар асарҳои зиндагиомӯзи ин нависандаи забардаст дар тарбияи маънавии миллат ҳарф заданд, ситораҳои театр ва кинои тоҷик Дилбар Умарова, Муҳаммадҷон Шодиев, Саодат Азизова, Қурбони Собир ва Тағоймурод Розиқов эътироф намуданд, ки то имрӯз мардум онҳоро туфайли нақшҳое мешиносанд, ки дар филмҳои аз рӯйи асарҳои ин адаби шинохта ба навор гирифташуда бозидаанд.
Ба чеҳраи ин чеҳраҳои намоёни адабиёт ва фарҳангу ҳунари миллат, ки ҷавонтаринашон аз 50-сола боло ва ба сари ҳамаашон кайҳо барфи пирӣ боридаву гузашти умр дар рухсорашон хати ожанг кашида буд, нигариста, андешае маро ором намегузошт, ки адабиёт, илм, фарҳанг ва ҳунари тоҷик пир шудааст. Миллати тоҷикро баъди 20, 30, 40 соли дигар кӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад? Ку нависандаи ҷавон, шоири ҷавон, актёри ҷавони тоҷик, ки бо дили пур гуфта тавонад: Ман метавонам бо эҷодиёти худ миллатамро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям! Шояд дар байни ҷавонон низ бошанд соҳибқалам ва соҳибсуханҳо, аммо онҳоро касе намешиносад, агар шиносанд ҳам, танҳо дар доираҳои хурди адабӣ мешиносанду халос. Аз худ дарак надодани ҷавонон нишонаи беҳунарию танбалии насли ҷавон аст ё аз байн рафтани равияи устодию шогирдӣ? Наход модари тоҷик дигар Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Кароматулло Мирзоев, Ҳошим Гадо, Ато Муҳаммадҷонов, Дилбар Умарова, Марям Исоева, Саврӣ Сабзалиева барин писару духтарони номбардору номвар зода натавонад?!
Фирӯза Сатторӣ,
сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ