Модари японӣ назди тоҷикон чӣ гуноҳ кард?
… Ҳоло ҳаво салқин шудааст, кас мехоҳад, ки дар хиёбонҳои Душанбе қадам занаду аз зебоиҳои он баҳра барад. Имрӯз пойтахти кишвари ТОҶИКОН бо низоми хуби шаҳрдорӣ бештар ба шаҳрҳои мутараққии олам монанд мешавад, ки ин ҷои баҳс надорад. Вале…
Беҳуда мо пойтахти тоҷикон будани Душанберо бо ҳарфҳои калон нанавиштем. Гап сари он, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри дӯстдоштаи мо мағозаю дӯконҳо, тарабхонаю салонҳои ороишӣ ва ҳатто идораҳои хизматрасонӣ аксаран бо ҳуруфот ва забонҳои хориҷӣ (бештар бо инглисӣ) навишта шудаанд. Махсусан, вақте ки дар кӯчаҳои Айнӣ, хиёбони Саъдӣ ва ё гулгашти Ҳофиз қадам мемонӣ, гумон мекунӣ, ки дар ким-кадом шаҳри аврупоӣ ҳастӣ. Магар номи Манзураю Мадина ва Наргису Хирсакро ба забони худамон ва бо алифбои кирилӣ, ки мо имрӯз аз он истифода мебарем, навиштан имкон надошта бошад? Албатта хуб аст, ки мардуми мо, қабл аз ҳама тоҷирони мо аз пайи Аврупо мераванд ва брендҳои аврупоӣ ва ё моли истеҳсоли кишварҳои ин минтақаро ворид мекунанд, вале мутаассифона, аксаран кӯр-кӯрона. Номҳое мемонанд, ки худашон ба маънои он сарфаҳм намераванд.
Масалан, дар наздикии “Боғи кӯдакон” (кӯчаи ба номи Турсунзода) бо номи “Японо мать” тарабхонае ҳаст, ки аз рӯи шунидам, дар он ҷо хӯрокҳои ҷопонӣ мепухтаанд. Шояд ин тарабхона ба мизоҷони маҳаллӣ ва ҷопонии худ, ки ба кишвари мо меоянд, писанд бошад. Аммо агар ҷопониҳо маънои номи ин тарабхонаро сарфаҳм раванд, ҳатман хафа мешаванд. Зеро вожаи “Японо мать”, ки номи ресторан аз он гирифта шудааст, барои онҳо таҳқир аст. Чаро? Ба воситаи интернет пайдоиши ин вожаро суол медиҳем. Маълум мешавад, ки ибораи “японо мать” дар вақти ҷанги Русу Япон, дар оғози қарни 20 пайдо шуда, маънои ҳақоратомез нисбати занҳои ҷопониро дорад. Гумони ғолиб он аст, ки номгузорони ин тарабхона бо пайравӣ аз номгузории русӣ, ки дар он ҷо ресторанҳои ҷопоние бо номи “Японо мама” (Модари ҷопонӣ) мавҷуданд, ин номро гузошта бошанд. Аммо тавре аксарият медонанд, русҳо дар ҳолати ҳаяҷон ва ё моҷарои байниҳамдигарӣ вақти истифодаи калимаи “мать” онро ба маънои таҳқири модари тарафи муқобил истифода мебаранд, ки барои ин мисолҳои зиёданд, вале бо сабабҳои ахлоқӣ мо ин калимоту вожаҳоро ин ҷо намеорем. Танҳо ҳаминро ёдрас мекунем, ки вақте русҳо тарафи дигарро ба ифоқа даъват карданӣ мешаванд, мегӯянд: “Не матерись”, яъне “ҳақорат накун”. Пас, маълум мешавад, ки “мама” ва “мать” дар ин ҷо маънои гуногун доранд. Шояд хӯрокҳои “Япона мама” (Модари ҷопонӣ) ва “Японо мать” (Очаи ҷопонита…) болаззат бошанду хурданбоб, вале яке онро бо меҳрубонӣ пешниҳод мекунаду дигаре бо таҳқир. Интихобро ба Кумитаи забон, ки ҳоло танҳо барои иҷозат додану надодан ба номҳои фарзандони мо машғуланду ба чунин нозукиҳо эътибор намедиҳанд, вомегузорем…
А. АҲМАДЗОДА,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ