Модаркуш 25 сол гирифт

Суди  минтақаи Кӯлоб як ҷавони 24-соларо барои зинда ба «гӯр» кардани модараш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Назирбек Азизӣ, судя  гуфтааст, ки Тағоймурод Миров, сокини 24-солаи шаҳри Сарбанд, моҳи сентябри соли 2016 пас аз як муноқишаи хонаводагӣ модараш Садафмоҳ Нуроваро бо бел зада ва сипас дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Данғара зери хок кард.

​Мурофиаи судии ҷавон охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва гуфта мешавад, ки Тағоймурод Миров ба гуноҳаш иқрор кард. Тағоймурод Мировро бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ ба “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” гунаҳкор донистанд. Вай мегӯяд, ҷавон аз модараш талаб кардааст, ки дороиҳояш – зару зеварро ба ӯ бидиҳад, вале чун модараш рад кардааст, “ӯ ба сари модар бел бардоштааст.”Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш аввал вазорати корҳои  дохилӣ хабар дод ва гуфт, ки аз назди ташноби хонаи як сокини 60-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара, аз чуқурии тахминан 1 метр ҷасади Садафмо Нурова, сокини 53-солаи деҳаи Қайнарро пайдо карданд. Ба гуфтаи вазорат, дасту по ва даҳони зан баста буд.Дар посух ба суоли ҳамсояҳо дар бораи модараш, Тағоймурод Миров мегуфтааст, ки модараш бедарак шудааст. Азбаски бӯи ҷасади модар хона ва атрофи онро фаро мегирад, ҳамсояҳо ба мақомоти милиса муроҷиат мекунанд ва қазия ошкор мешавад.Наздикони Тағоймурод Миров гуфтаанд, ки аз ҳукми суд  шикоят нахоҳанд кард. Бародари зани кушташуда — Фазлиддин Нуров гуфаастт, ки аз ҳукми суд қонеъ аст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки Тағоймурод Миров дар гузашта барои дуздӣ зиндонӣ шудааст.Дар Тоҷикистон қатли модар ба дасти фарзанд ҳодисаи бисёр нодир аст, аммо бархе коршиносон мегӯянд, бо сангин шудани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳодисаҳои куштор ва ё ҷиноятҳои дигари сангин нисбати азизтарин наздиктон – падару модар ҳам ба қайд гирифта мешавад.Ба гуфтаи муфаттишони собиқадор, ингуна ҷиноятҳои мудҳиш бо сабаби коста шудани арзиши ахлоқии инсон ва бартарӣ додан ба арзишҳои моддӣ рух медиҳанд. Қатли Садафмоҳ Нурова, аввалин қатли модар ба дасти фарзанд аст, вале дар аввали моҳи январ мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ як сокини ин ноҳияро бо иттиҳоми зери хок кардани падарандараш Баҳодур Сангов боздошт карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *