Модарони Исфара сарбозонро зиёфат доданд

Як гурӯҳ занон — модарон дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба дидорбинии сарҳадбонон рафта, барои муҳофизони Ватан дастурхони идона густурданд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби шуъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил гардида, ҳадафи он дастгирии моддию маънавӣ ва таъмини ҳавасмандию руҳбаландсозии сарҳадбонон дар шаҳри Исфара мебошад.

Меҳмонон аз макони хизмату истироҳат, тамрингоҳҳо, анбори нигаҳдории маводи озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии қисми низомӣ дидан намуда, бо шароити будубоши аскарон аз наздик шинос шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *