Модару писар падари хонадонро кӯшта оташ заданд
Мақомоти пулиси шаҳри Панҷакент аз боздошти модар ва писар хабар медиҳанд, ки дар куштори ваҳшиёнаи падари хонадон муттаҳам мешаванд. Хабар медиҳад «Спудник» дар такя ба сухангӯи ВКД дар Суғд Акбар Шарипов
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, дар пайи муноқишаи оилавӣ дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент Хосият Усмоноваи 46 сола ҳамроҳи писраи 19 солааш Мусоев Суннатуло падари хонадон Абдулло Мусоевро ба қатл мерасонанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор 29 ноябри соли гузашта рӯх дода, зан ва шавҳар миёни ҳам муноқиша мекунанд ва баъдан писар ба онҳо ҳамроҳ мешавад.
Манбаъ мегӯяд, латтукӯбу занозанӣ бо ҷароҳатбардорӣ дар қисмати сар ва афтида ба оҳан задан ва ба буғи карадни падари хонадон хотима меёбад.
Хосият Усмонова модари хонадон дар гузориши видеоӣ мегӯяд, вақто шавҳараш сараш ба оҳан заду хун рафт, тарсид, ки хеста ӯро мекушад ва пойҳояшро бо сим баставу ӯро буғӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, модару писар барои нест кардани изи ҷинояташон, падари хонадонро оташ зада дар гӯшаи замини назди ҳавлигӣ чуқур канда гӯр мекунанд.
ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбарон бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ