Модел ва модари беҳтарини Тоҷик

 Модели 28-солаи сокини Душанбе Парвина Саидова дар ҳафт сол се духтар ва ду писарро ба дунё овардааст. Фарзанди хурдиро замоне таваллуд кард, ки ҳамагӣ 24 сол дошт.Бо вуҷуди таваллуди пай дар пайи панҷ фарзанд, ӯ тавонистаст қаду қомат ва симои зебояшро ҳифз кунад. Ба гуфти Парвина, ҳусни ӯ худодод аст, зеро ҳеҷ гоҳ ба зебоияш аҳмияти хосса намедод, варзиш намекард ва ҳамеша банди тарбияи фарзандон буд.

Ӯ монанди ҳар модари дигар, ба се духтари мактабхонаш дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ кӯмак мекунад, ҳамроҳ дар боғҳои Душанбе сайругашт мекунанд ва ҳаёти комили дорад

Чун ду сол пеш шавҳараш фавтидааст вақтҳои холигияшро Парвина комилан ба фарзандон мебахшад, то онҳо набудани падарро эҳсос накунанд.

Чун бо маслиҳати дугонааш соли гузашта Парвина ба мактаби ҳунари актёри ва овозхонӣ дохил шудхол вақти холиааш хело кам аст. Ҳанӯз дар ҳафтаи аввали таҳсил ӯро ба истилоҳ «пешниҳодборон» карданд.

Парвина аллакай дар як филми ҳунарӣ нақши асосиро бозида дар чанд клипи овозхони маъруфи Тоҷикистон зоҳир шудааст.

Дар шинохта шудани симои зебои Парвина саҳми Хуршед Саторов тароҳи машҳур хело назаррас аст. Зеро  пас аз оне,ки Хуршед акси ӯро дар миёни ҳафт модели касбӣ ба як озмуни Одесса фиристод. Аз миёни аксҳои духтарони тоҷик ҳакамон маҳз Парвинаро интихоб карданд. Бо ҳамин, роҳи ин модари серфарзанд ба ҷаҳони мӯд боз шуд.

Бино ба итилои Хуршед Саторов, дар ҳафати мӯд дар Украина модари серфаразнди тоҷик дар байни 60 ширкаткунанда аз тамоми ҷаҳон зеботарин дониста шуд. Ҳоло ӯву Парвина барои зиёрати Пйер Кардин дар Фаронса даъватнома дарёфт кардаанд.

Имсол Парвина боз ҳам дар Одесса ҷоийзаи беҳтарин моделро касб кард ва дар озмуни зебоии «Miss World Beauty»,ки дар Остона гузашт барандаи ҷоизаи «Missis International 2016» шуд. Дар озмуни «Маликаи зебоии ҷаҳон» дар баробари зебоӣ ва намоиши либоси миллӣ, ҳамчунин истеъдоди овозхониву рақси ширкатдорон санҷида шуд.

Худи Парвина гуфтааст,ӯ пеш аз ҳама модар аст ва дар баробари кори зиёд ва талош барои пешрафтҳои бештар, оилаву фарзанонашро фаромӯш карданӣ нест, зеро ҳар коре мекунад, танҳо ба хотири онҳо аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *