Модели муваффақи «Помир Энерҷӣ»
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо директори генералӣ Далер Ҷумъаев
Ширкати “Помир Энерҷӣ” намунаи аввалини шарикии давлат бо бахши хусусӣ мебошад, ки дар рушди энергетикаи Тоҷикистон, бахусус ВМКБ, нақши муассир дорад. Ширкат баъди азнавсозии таҷҳизоти замони шӯравӣ, неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави вилоят ҳоло беш аз 96 фоизи аҳолиро бо барқи доимӣ таъмин менамояд. Хабарнигори “Тоҷикистон” дар арафаи Иди касбии энергетикҳои Тоҷикистон бо Далер Ҷумъаев, директори генералии Ширкати “Помир Энерҷӣ” мусоҳиба анҷом дод, ки он пешниҳоди хонандагон мегардад.
-Инак, ба фаъолияти Ширкати «Помир Энерҷӣ» имсол 17 сол пур мешавад. Дар ин муддат ширкат дар таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона буд, зеро дар замони шӯравӣ мардуми вилоят аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашиданд. Ҳоло вазъ чӣ гуна аст?
— Солҳои 1990-92 таъмини аҳолии ВМКБ бо неруи барқ бисёр дар сатҳи паст қарор дошт. Вақте ки ширкат ба кор шурўъ кард, ҳамагӣ 13 фоизи аҳолии ВМКБ дар зимистон давоми 12 соат бо неруи барқ таъмин мешуданд. Имрӯз бошад, аҳолии вилоят 24 соат бо қувваи барқ таъминанд. Аз ибтидои фаъолият мо тавонистем, ширкатеро, ки зарари молӣ меовард, ба як модели муосир, пешрафта, аз нигоҳи иқтисодӣ устувор табдил диҳем. Имрӯз ширкат тамоми он уҳдадориҳоеро, ки дар назди сармоягузорон, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ дорад, ба пуррагӣ иҷро намуда истодааст.
-Моделе, ки шумо дар ширкат роҳандозӣ намудед, мазмуни ҳамкории доимӣ бо Ҳукуматро дорад. Аз ин тарзи кор шумо чӣ бурд кардед?
-Модели имрӯза имконият медиҳад, ҳар як маблағи иловагие, ки ҷамъоварӣ мешавад, барои азнавсозии таҷҳизот ва лавозимоти зарурии неругоҳҳои ширкат истифода бурда шавад. Соли 2002 Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Помир Энерҷӣ” ҳамчун якумин шарикии давлат ва бахши хусусӣ имзо шуда буд. Ин созишнома маблағи 26,8 миллион долларро фаро мегирифт. Хушбахтона, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷалби маблағ аз ҳисоби шарикони рушд ба соҳаи энергетикаи вилоят аллакай ба 74 миллон доллар расонида шуд. Аз се як ҳиссаи воситаҳои асосии давлат дар ВМКБ азнавсозӣ шуданд. Давоми 10 соли оянда дар доираи Шартномаи консессионӣ дар нақша дорем, ки боз зиёда аз 60 миллион доллар ҷалб намоем.
-Аз нигоҳи шумо шарикии давлат ва бахши хусусӣ то кадом андоза ба фоидаи кор аст ва он кадом имтиёзҳоро пешбинӣ намудааст?
— Дар доираи шарикии давлат Ширкати «Помир Энерҷӣ» аз ҳама гуна намуди имтиёзҳо бархӯрдор мебошад. Аз ҷумла бо мақсади рушди минтақаи ВМКБ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар чаҳорчӯби Шартномаи консессионӣ, Ҳукумати ҶТ ширкатро аз андозбандӣ озод намудааст. Ҳоло ширкат танҳо андозҳои иҷтимоиро пардохт менамояд.
Умуман, ҳамкории ширкат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр дар сатҳи зич қарор дорад. Агар ба фаъолияти 16- солаи ширкат назар афканем, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ва молия барои амалӣ намудани лоиҳаҳои ширкат нақши калидӣ доранд. Албатта, на ҳамаи кор ба осонӣ даст медиҳад, ибтидои ҳар кор мураккабие дорад. Ин ҷо ду чизро дар назар дорам: соли 2007, моҳи феврал дар натиҷаи хунукиҳои сард, дар НБО-и “Помир -1” садама рух дод, ки дар фасли зимистон аксарияти сокинони вилоят бе барқ монданд. Тобистони соли 2015 бошад, аз ҳисоби фаромадани сел ва гирифтани пеши роҳи дарёи Ғунд ба иншооти асосии ширкат — НБО-и “Помир -1” зарари калон расонида шуд. Дар ин ду маврид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кўтоҳ ҳамаи иштирокчиёни лоиҳаро дар гирди ҳам оварад ва маблағ, таҷҳизоти заруриро ҷалб намояд. Ба таври фаврӣ ширкат аз вазъияти ногувор бароварда шуд.
-НБО-и «Роғун» ба ҷузъ кишвари мо боз ҳамсояҳоро бо барқ таъмин мекунад. Оё Ширкати “Помир Энерҷӣ” чунин имкониятро дорад?
— Ҳоло ширкат дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об баробари таъмини аҳолии вилоят бо қувваи барқ, инчунин содиротро ба Афғонистон ба роҳ мондааст. Имрӯз чор ноҳияи сарҳадии Афғонистон бо барқи Тоҷикистон таъмин шуда истодаанд. Инҳо вулусволињои Ишкошим, Шуғнон, Моҳи Май ва Нусай мебошанд. Мо дар нақша дорем, ки дар солҳои баъдӣ шумораи минтақа ва аҳолии кишвари ҳамсояро барои таъмини барқ бештар намоем. То имрӯз барои расонидани ќувваи барқ ба Афғонистон қариб 10 миллион доллар сарф карда шуд. Дар солҳои баъдӣ таъмини барқ ба вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 2-3 баробар зиёд хоҳад шуд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқи ширкат 3 фоизи он ба Афғонистон содирот карда мешавад.
-Айни замон дар тавозуни Ширкати “Помир Энерҷӣ” чанд неругоҳ ҳаст ва тавоноии онҳо дар маҷмӯъ чӣ қадар аст?
-Ҳамагӣ 11 адад неругоҳ дорем. Вақте ин неругоҳҳо ба тавозуни ширкат гузаштанд, ҳамагӣ бо тавоноии 26 мегаватт кор мекарданд. Баъди азнавсозӣ, иқтидори умумии онҳо ба 44 мегават расид. Якумин неругоҳе, ки соли 2005 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, “Помир -1” мебошад. Ин марҳилаи дуюми неругоҳи мазкур бо тавоноии 14 мегаватт буд. Дар умум, имрӯз тавоноии он ба 28 мегават расидааст. Боз дар замони истиқлолият аз тарафи Ширкати “Ориён ГЭС” се неругоҳи дигар дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз бо иқтидори 2,5 мегаватт сохта шуданд. Барқе, ки аз ин неругоҳҳо тавлид мешавад, тариқи Ширкати “Помир Энерҷӣ” ба аҳолӣ мерасад.
-Соле қабл Ширкати “Помир Энерҷӣ” дар Аврупо соҳиби Ҷоизаи байналмилалии “Ашден” гардид. Кадом дастоварди ширкат мавриди таваҷҷуҳи Аврупо гардид, ки ин ҷоизаро арзанда донистанд?
-Ҷоизаи мазкур ба тамоми лоиҳаҳои энергетикии ҷаҳон бахшида шуда, ҳам ба давлатҳои тараққикарда ва ҳам ба давлатҳои рӯ ба рушд дода мешавад. Ҷоиза байналмилалӣ аст ва ҳар сол ширкатҳои муваффақ барои ба даст овардани он талош меварзанд. Барои дарёфти ҷоиза 7 номинатсия пешбинӣ шуда, асосан маросими супоридани он дар шаҳри Лондони Британияи Кабир доир мегардад. Комиссияи байналмилалӣ иборат аз намояндагони Осиё, Аврупо, Африка, Австралия ғолиби онро муайян мекунанд. Ҷоизае, ки барои Ширкати “Помир Энерҷӣ” пешниҳод шуд, ин аз рӯи номинатсияи дастрасӣ ба қувваи барқ буд. Аъзои жюрӣ ба Тоҷикистон сафар карда, ба фаъолияти “Помир Энерҷӣ” шинос шуда буданд. Аз ҷумла, таъминоти барќро дар водии Бартанг, Язғулом, Ванҷи боло ва Мурғоб рафта диданд. Ғайр аз ин, тамоми ин неругоҳҳо аз об неруи барқ мегиранд ва ин “энергияи сабз” онҳоро мутаҳайир кард. Зеро “энергияи сабз” ба иқлим таъсири хуб мерасонад. Кумакпулии Ҳукумат ва дигар ҷанбаъҳои муҳим имконият доданд. Ду маротиба аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ барои Аврупои СММ ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкории сатҳи баланд бо бахши хусусӣ баҳои баланд дода шуда, Ширкати «Помир Энерҷӣ» аз ҷумлаи яке аз панҷ моделҳои беҳтарин дар ҷаҳон номида шуд. Инчунин, Бонки ҷаҳонӣ ба фаъолияти мо, яъне аз рӯи чор лоиҳаи бомуваффақият амаликардаамон баҳои баланд дода, қадрдонӣ кард.
-Ҷоизаи “Ашден” мукофоти пулӣ ҳам дошт?
—Бале, 20 ҳазор фунт стерлинг, ки ба 25 ҳазор доллар баробар буд. Инро дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои об барои сохтмони неругоҳ дар деҳаи Рошови водии Бартанг равона кардем. Зеро, вақте ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ба водии Бартанг сафар доштанд, дастур доданд, ки 4 деҳаи ҳамин водӣ бо барқ таъмин карда шаванд. Дар ин ҷо аллакай барои сохтмони НБО-и хурд бо иқтидори 500 кВт корҳо шурӯъ шудаанд. Дар нақша дорем, ки дар солҳои 2019-2020 боз 5 деҳаи дигари ин водиро бо барқ таъмин намоем.
-Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ дар вилоят чӣ гуна аст? Оё ширкат ба мушкилот рӯ ба рӯ нест?
— Хушбахтона, дар 11 соли охир ҷамъоварии маблағи истифода аз барқ дар сатҳи 100 фисад иҷро мешавад. Яъне, ширкат бо мардум ҳамкории зич дорад. Мо танҳо як мушкилӣ дар пардохт дорем: ин қарзи сохторҳои буҷавӣ дар назди ширкат аст. Аз ҷумла, имрӯз Корхонаи обу корези шаҳри Хоруғ зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ дар назди ширкат қарздор боқӣ мондааст.
-Умуман, чӣ гуна тавонистед, ки аҳолӣ ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт намояд?
-Ду чизро бояд ҳамеша ба назар гирифт. Якум, қобилияти пардохт. Ин ҷо кумакпулӣ барои 68 фисади аҳолии вилоят дар моҳҳои зимистон таъмин карда мешавад. Яъне, онҳое, ки даромадашон камтар аст, ба кумакпулӣ дастрасӣ доранд. Дуюм, азбаски сатҳи хизматрасонии барқ беҳтар шуда истодааст, хоҳиши пардохти саривақтии истифодаи барқ низ аз тарафи муштариён бештар мешавад. Барқе, ки мо пешниҳод мекунем, нисбат ба ҳезуму ангишт 6 маротиба арзонтар мебошад. Мардум инро хуб дарк карда истодаанд. Як чизи аз ҳама муҳим шаффофият аст. Шаффофият дар ҳисоби барқ. Ҳар як муштарӣ охири моҳ тавассути паёмаки телефон аз ҳаққи истифода ва муҳлати истифодаи барқ огоҳ мешавад. Яъне, маълумоти ҳам ҳаҷми истифодаи маблағи барқ ва ҳам ҳаҷми пардохтро тариқи телефон мегирад. Ин ҷо дахолати инсонӣ нест. Ҳамаи нишондодҳо тавассути асбоби ҳисобии “пакс” сурат мегирад. Ва дар базаи ширкат ва муштарӣ нигоҳ дошта мешавад. Имрӯз тамоми муштариён бо ҳисобкунакҳои электронӣ таъмин карда шудаанд.
— Ширкат дар як сол чӣ қадар барқ тавлид мекунад?
-Соли гузашта мо 178 миллион кВт неруи барқ истеҳсол кардем. Ба ғайр аз ин 12 миллион кВт аз ШСХК “Барқи Тоҷик” ва 8,5 миллион кВт аз Ширкати “Ориён ГЭС” гирифтаем. Агар дар 10 моҳи соли ҷорӣ рақами болоро муқоиса намоем, ширкат 141 миллион кВт барқ истеҳсол кардааст. Дар ин давра 7,9 миллион кВт аз ШСХК “Барқи Тоҷик” ва 7,1 миллион кВт аз ширкати “Ориён ГЭС” харидорӣ намуда, ба мардум интиқол додаем.
— Ширкати “Помир Энерҷӣ” то ҳол дар маҷмӯъ чанд нафарро ба кор таъмин намудааст?
-751 нафар. Илова бар ин, ҳамасола аз 200 то 1000 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд. Масалан, дар сохтмони НБО-и “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб давоми ду сол наздик 1000 нафар ба кор фаро гирифта шуданд.
-Интихоби кадрҳо дар ширкат чӣ гуна сурат мегирад? Шумо ҳамчун роҳбар кадом критерияҳоро дар мадди аввал мегузоред?
-Аввалан, мутахассисони болаёқату соҳибтаҷрибаро дар ширкат ба кор мегирем. Ҳам назария ва ҳам амалия барои интихоби кадрҳо муҳим ҳастанд. Мо аз он хушҳол ҳастем, ки имрӯз Ширкати “Помир Энерҷӣ” –ро 100 фоиз кадрҳои ватанӣ идора карда истодаанд. Инчунин, фаъолияти ширкат бо шарикони рушд, бонкҳои байналмилалӣ сахт вобастагӣ дорад. Талабот дар ин самт бисёр ҷиддӣ аст. Хушбахтона, ҳайати кормандони мо тамоми талаботи байналмилалиро қонеъ карда метавонанд. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳар сол мо 4-5лоиҳаро амалӣ карда истодаем. Дар ин самт Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Олмон, Ташкилоти СЕКО, Шабакаҳои Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ бо мо ҳамкорӣ доранд.
-Ба ширкат чӣ гуна муяссар шуд, ки бо ин гуна созмонҳои байналмилалии молиявӣ робита барқарор намояд?
-Ҳар кор худ аз худ намешавад. Дар заминаи омӯзиш ва таҷриба идея пайдо ва амалӣ мешавад. Аввалан, дар интихоби кадрҳо мо озмунҳо эълон мекунем, талабот ба номзад ва тахассуси ӯ аҳамияти махсус дода мешавад. Дуюм, вақте ки онҳо ба кор ҷалб мешаванд, барои онҳо такмили ихтисос мегузаронем. Ҳар сол то 400 нафар аз такмили ихтисос дар ҷумҳурӣ мегузаранд. Иловатан, 20 нафар корманди ширкат дар муҳлати аз 1 то 3 моҳ барои омӯхтани таҷриба ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Қазоқистон, Амрико, Британияи Кабир ва Туркия сафар мекунанд.
— Ширкати “Помир Энерҷӣ” стипендияи худро низ ташкил намудааст. Гирифтани ин идрорпулӣ ба киҳо муяссар мегардад?
-Онҳо хатмкунандагони мактабҳои ВМКБ мебошанд. Мо тариқи озмун беҳтаринашонро муайян намуда, барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Украина, Малайзия, Русия равона месозем. Ҳоло 3 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи техникии Москва таҳсил доранд. Онҳо дараҷаи бакалавр ва магистрро соҳиб мешаванд. Ин беҳтарин муассисаи олии энергетикӣ дар Русия ва Осиёи Марказӣ мебошад ва таърихи беш аз якасра дорад. Нақши ин таълимгоҳи олӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи энергетика хеле муассир аст. Онҳоеро, ки мо барои хондан мефиристем, баъди бозгашт дар Ширкати “Помир Энерҷӣ” фаъолият мекунанд. Як нафар хатмкардаи мо баъди гирифтани маълумоти олӣ дар НБО –и “Помир 1” муддати ду сол кор кард, ки айни замон роҳбари НБО –и “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб мебошад.
Аз ибтидои ҷорӣ намудани стипендия то имрӯз аллакай 12 нафар маълумоти олиро дар давлатҳои хориҷӣ гирифта, дар ширкат фаъолият доранд. Дар баробари ин, Ширкати “Помир Энерҷӣ” бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ созишномаи тарафайн дорад. Аксарияти мутахассисони мо, аз ҷумла ман, хатмкардаи ин донишгоҳ мебошем. Чандин нафарро барои идомаи таҳсил ба ин муассисаи олӣ ҷалб намудаем. Яъне, мо ҳоло маблағи калонро барои рушди неруи инсонӣ сарф карда истодаем, ки барои ояндаи ширкат хеле муҳим аст. Имрӯз мо технологияи навро барои ширкат харидорӣ ва ворид карда истодаем. Барои васлу насби таҷҳизот мутахассис лозим аст. Кормандонро низ ба ин ё он корхонаҳои хориҷи кишвар мефиристем, то аз омӯзиш гузаранд.
Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА
МАЪЛУМОТНОМА
Далер Ҷумъаев дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишгоҳи Каролинаи Шимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1995 дар Институти тадқиқотии “Тоҷикгидроэнергопроект”- и шаҳри Душанбе аз рўи масоили банақшагирӣ, рушд ва сохтмони истгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти барқи обӣ оғоз шудааст. Сипас ба ҳайси лоҷистик ва масъул оид ба таъминот дар ташкилотҳои байналмилалии Федератсияи байналхалқии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва баъдан Саридораи он дар Швейтсария, масъули лоиҳаи “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Бонки ҷаҳонӣ” дар шаҳри Душанбе ба ҳайси бизнес-консултанти яке аз барномаҳои ЮСАИД оид ба мутобиқкунонии корхонаҳои хурду миёна ба шароити иқтисоди бозаргонӣ кор кардааст. Далер Ҷумъаев иштирокчии барномаҳои таълимӣ ва семинарҳо оид ба роҳбарӣ ва менеҷмент дар донишгоҳҳои Гарвард ва Дюки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Аз моҳи апрели соли 2007 директори генералии Ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ