Моликияти “Умед 88” ба фурӯш гузошта шуд
Хадамоти иҷрои ҳукумати Тоҷикистон молу мулки марбут ба ширкати «Умед-88”-ро ба фурӯш гузоштааст. Нахустин музоядаи фурӯши нуқтаҳои бензинфурӯшӣ ва амборҳои «Умед-88” рӯзи 25 феврал дар Хуҷанд доир шуд. Раҷабалӣ Одинаев, муассис ва роҳбари «Умед-88” моҳи октябри соли 2017 бо иттиҳоми барнагардондани 171 миллион пули саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун боздошт шуда, моҳи сентябри соли 2018 ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Наздикони Одинаев пешниҳод карда буданд, ки молу мулки ӯро фурӯхта, қарзро баргардонанд. Вале мақомот мегӯянд, расман чунин пешниҳод нагирифтаанд ва акнун молу мулки «Умед-88” бар асоси ҳукми додгоҳ ба фурӯш гузошта мешавад.
Нарх аз 1,6 то 15,6 миллион: Ҳукумат амволи «Умед 88”-ро ба фурӯш гузошт
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 25-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд музоядаи фурӯши амволи ширкати «Умед 88”-ро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар ин музояда чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва анбори нигоҳдории маводи сӯзишвории воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо нархҳои аз 1600000 то 15600000 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Эълони фурӯши нуқтаҳои сӯзишвории марбут ба ширкати «Умед 88” чанд рӯз ба ин тараф дар сатри равони телевизионҳои маҳаллии Хуҷанд пахш карда мешавад.
Бар асоси эълон, музоядаи савдои оммавии молу мулки ғайриманқули мансуб ба қарздор, барои руёнидани маблағи зарар ба манфиати ҶСК «НБО Роғун” амалӣ мегардад.
Аз ҷумла дар эълони фурӯши НФС, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, кӯчаи Истиқлолият нархи он 1,6 миллион сомонӣ гуфта шудааст.
«Бинои фурӯши сӯзишворӣ иборат аз ду адад бинои ёрирасон, як адад бинои ҳоҷатхона, нуқтаи қабули пардохт ва мағоза, 8 адад тахтаи қабатин барои фурӯши маҳсулот, муҳаррики барқӣ барои интиқолдиҳии гази моеъ, як адад зарфи оҳанини газнигоҳдорӣ, як адад зарфи барои нигоҳдории бензин ва солярка, ду адад тахтаи нархнома, 3 адад стуни оҳанин, соябон, як адад калонкаи бензини 8 камерагӣ, 7, адад камераҳои назоратӣ бо нархи 1600000 сомонӣ санаи 25 уми феврали соли 2019 соати 11 дар бинои суди шаҳри Хуҷанд, барпо карда мешавад”, — таъкид шудааст дар эълон.
Ширкати «Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки аз моҳи октябри соли 2017 дар боздошт буда, моҳи сентябри 2018 ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот Одинаевро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони «НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди иддаои наздикони Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед – 88”, ки омодаанд дар сурати раҳоии ӯ аз ҳисоби фурӯши амвол зарарро ҷуброн кунанд, гуфт, расман чунин муроҷиат сурат нагирифтааст.
Шоҳиён афзуд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ кирдори ҷинояткоронаи роҳбари «Умед-88” тасдиқ шудаанд, ки ба буҷаи давлат, «Амонатбонк” ва чанд ширкати корхонаҳои дигар зарар расонда шудааст.
Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ, ба ӯ низ чунин маълумот расидааст, ки гӯиё ҷониби роҳбарияти «Умед-88” омодаанд, аз ҳисоби амволи ҳабсшуда, аз қабили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, базаҳои нафтӣ ва ғайра зарарро ҷуброн кунанд.
«Расман чунин пешниҳодҳо нашуданд. Пурра ҳолатҳои корро шарҳ дода наметавонам чун мурофиа махфӣ сурат гирифт”, — изҳор дошт раиси Додгоҳи олӣ.
Ӯ иттилоъ дод, ки феълан алайҳи раиси «Умед -88” парвандаи дигари марбут ба қарзҳои бонкие ворид шудааст, ки то ҳол баргардонда нашудаанд.
Шоҳиён таъкид кард, ки қонунгузории Тоҷикистон имконият медиҳад ва агар ҳозир ҳам зарарро барқарор кунанд, парванда бозбинию баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ феълан дар масъалаи ба фоидаи давлат баргардондани ҷуброни зарар аз тарафи Додгоҳи олӣ санад таҳия ва ба хадамоти иҷро фиристода шуд.
Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Вай ба сабаби напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор мешуд.
Ширкати «Умед 88» яке аз бузургтарин таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки дар бозор бо ширкати «Газпром»-и Русия ва ширкати «Фароз» рақобат мекард.
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ