Молу маҳсулотро дар «МегаФон Life» фармоиш диҳед ва  «Пайкар» онҳоро то назди хонаатон бурда мерасонад!

Акнун метавонем тавассути замимаи  мобилии MeгаФон Life  дар шабакаи «Пайкар»   молу маҳсулотро бихарем ва якбора дастраскуниро ба  суроғаи  лозимӣ  ташкил намоем.  Хизматрасонии «Маҳсулот» танҳо дар ҳудуди пойтахт барои фармоишҳо ба маблағи 100 сомонӣ ва зиёдтар  амал мекунад.      

Барои фармоиш  лозим аст, ки замимаи «МегаФон Life»-ро кушоед ва  ба «Ҳамён» ворид шуда,  дар қисми  “Хизматрасониҳо” – хизматрасонии  “Маҳсулот”-ро пайдо кунед. Интихоби молҳое, ки дар шабакаи савдо пешниҳод карда шудаанд, дар он ҷо дастрас аст. Баъди  гузоштани  маҳсулоти зарурӣ ба «сабад», истифодабарандаи  замима маблағи харидро ба таври онлайн  тавассути   маблағҳои «Ҳамён», корти бонкии ба замима  пайвастгардида  ё кешбэкҳои ҷамъоваришуда  пардохт менамояд.      

Хусусияти нодири  хизматрасонии  нав дар он аст, ки корбар дар сурати мавҷуд набудани маҳсулоти фармоишӣ дар мағоза, аз мушкилии бозгирии  маблағ озод  мешавад. Пеш аз пардохт, оператори шабакаи супермаркетҳои «Пайкар» бо харидор тамос гирифта, таркиби  фармоишро мушаххас мекунад. Дар ин марҳила,  метавонем дохили сабадро иваз карда,  молу маҳсулотро бо хоҳиши худ  илова ё хориҷ намоем. Барои ин дигар вориди  замима шудан  лозим нест,  арзиши ниҳоии фармоиш ба таври автоматӣ  гирифта мешавад.  Дар натиҷа,  харидор маҳз маблағи ҳамон маҳсулотеро  пардохт мекунад,  ки  ба суроғаи зикрнамудаи  ӯ  дар ҳудуди  шаҳри Душанбе расонида  мешавад.       

Шартҳои бурдарасониро  шабакаи супермаркетҳои «Пайкар»   муайян мекунад. Маблағи камтарини  харид тавассути замима  100 сомониро ташкил медиҳад. Фармоишҳо аз ҷониби хадамоти мизоҷони «Пайкар»   дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 21:00 ва дар рӯзҳои истироҳат аз 8:00 то 17:00 қабул карда мешаванд. Арзиши молрасонӣ  аз варианти интихобшуда вобаста аст, яъне дастраскунӣ  дар давоми  2 соати наздик  20 сомонӣ, таъҷилӣ (на дертар аз 40 дақиқа) — 50 сомонӣ арзиш дорад.  

Зимнан, корти бонусии «Пайкар»  низ, дар сурати  дода шудани  он ба ҳамон рақами телефон,  ба таври автоматӣ   ба замимаи мобилӣ пайваст  мегардад. Холҳои бонусӣ ҳам баъди  ҳар як харид дар шабакаи савдо  ба таври автоматӣ пешниҳод карда  мешаванд. Бо худ гирифтани  корти аслӣ дигар  лозим намеояд, чунки  ҳангоми рафтан ба  супермаркетҳои «Пайкар» танҳо ба хазинадор нишон додани шакли электронӣ дар «МегаФон Life» кифоя аст.    МегаФон Тоҷикистон низ дар доираи барномаи «Раҳмат» холҳои бонусии худро тақдим мекунад. Бо  хизматрасонии  “Маҳсулот” хариди қулай анҷом дода,   якбора аз ду ширкат бонус  гиред!     

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *