Момову набера дар рӯди Вахш ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд (аудио)

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, як сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шудаанд.

Тавре гуфта мешавад, ҳодиса замоне рух додааст, ки онҳо баъди ғунучини ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштаанд. Зан ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштаанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекардаанд.

“Онҳо ҳамеша бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд. Аммо ин бор баногаҳ ароба чаппа шуда, ба дарё сарозер меравад. Ду набераи пиразан бо азобеву талошҳо худро аз об берун мекашанд ва солим ба соҳил мебароянд. Аммо зан бо як набераи 11-солааш ба ҳалокат мерасанд”,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *