Монографияи нави профессор Ҷовид Муқим нашр шуд

Монографияи нави профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ Ҷовид Муқим бо номи «Расонаҳои ҷаҳонии тарғиботии ИМА» аз чоп баромад.

Дар монографияи мазкур пайдоиш ва ташаккули расонаҳои ҷаҳонии ИМА мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Муаллиф аз ҷумла, нақши Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ, радио ва телевизиони «Садои Америка», Радиои «Аврупои Озод»/Радиои «Озодӣ», Радиои «Фардо», радио ва телевизиони «Марти», Шабакаҳои пахши Шарқи Наздик, Радиои «Осиёи озод» ва Бунёди фановариҳои кушодаро дар низоми тарғиботии ИМА пажӯҳиш кардааст.

Ҷовид Муқим менависад, ки нақши ВАО дар сиёсати хориҷӣ дар асри ХХI боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мешавад. Ин ба афзоиши нақши технологияҳои иттилоотӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ алоқаманд аст. Ҳамин аст, ки кишварҳои абарқудрат дар амалигардонии сиёсати хориҷии худ ба таври густурда аз ВАО истифода мебаранд. Ин амал бештар хусусияти ҷанги иттилоотиро гирифта, ҳадафмандона роҳандозӣ мешавад. Зеро ВАО новобаста аз муҳтаво, шакл, намуд ва аудиторияи худ бунёдан ниҳоди сиёсӣ маҳсуб шуда, хусусияти таъсиррасониро ба тафаккури ҷомеа дорад. Ба вуҷуд омадани технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ дар се даҳсолаи охир ба ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ овард ва он ба табдили иттилоъ ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ ва олоти амалигардонии ҳадафҳои давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Ҳамин тавр, ВАО силоҳи пурқудрати таъсиррасонӣ ба муҳити иттилоотӣ ва имиҷи давлат гардид.

ИМА аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тавассути дастгоҳҳои тарғиботии ҷаҳониаш, ки зертобеи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ (USAGM) мебошанд,  ба 61 забони миллӣ ва ба 125 кишвари дунё тарғиботи густурда мебарад. Ҳамасола барои фаъолияти расонаҳои зертобеи Оҷонсии ИМА оид ба ВАО-и глобалӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад. Масалан, соли 2020 барои расонаҳои зертобеи USAGM 808 млн. доллар ҷудо шуда буд, ки он 180 млн. доллар аз маблағи дархостшуда бештар аст. Барои соли 2021 бошад, 10-уми феврали соли 2020 президенти ИМА Доналд Трамп барои ба Оҷонсии ИМА оид ба ВАО- глобалӣ ҷудо кардани 637 миллион доллар маблағ ба Конгресс дархост фиристода буд, ки ин нисбат ба буҷаи соли 2020-и ин ташкилот кам аст. Вале аз рӯи таҷриба маълум аст, ки Конгресси ИМА ҳамасола барои тарғибот нисбат ба маблағи дархостшуда бештар пул ҷудо мекунад. 

Китоби мазкур барои муҳаққиқони журналистика, сиёсатшиносон, донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои журналистика пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *