Монологи вопасин
Ҳоло ки пирӣ маро аз пой афтонидааст, мехоҳам ки як рӯз ягон кас маро ҳамроҳӣ карда, бо аробача ба Театри ба номи Лоҳутӣ барад. Як бори дигар даҳлезҳояшро гардонад, ба саҳна барорад, ба толор фарорад ва ман бӯйи театр дар машом тарки дунё кунам…
Модари саҳна –
Мушаррафа Қосимоваи 102 — сола даргузашт
Санаи 1 апрел дар синни 102 — солагӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова аз олам даргузашт ва санаи 2 апрел ҷасади ӯ дар паҳлуи шавҳар ва писари ҳунармандаш Муҳаммадҷон ва Фаррух Қосимов ба хок супорида шуд. Мушаррафа-ойтӣ ягон унвони баланди давлатӣ надошт, вале бузургтарин унвонро барояш халқ эъто карда буд: – модар, модари саҳна, санъат ва миллат.
Банда аз соли 2012 бо эшон шиносоӣ доштам ва борҳо аёдаташон кардаву, ҳамроҳашон ҳамсуҳбат шудаам ва дуои некашонро ҳам гирифтаам. Бинобар ин, зарур донистам, ки сабтҳои солҳои пешро барқарор намуда, ин монологро пешкаши шумо кунам, монологи вопасини модарро…
Инқилобе, ки ба ман хушбахтӣ наовард…
Ман 19 декабри соли 1917, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд дар оилаи Ориф Расулии соҳибкор ба дунё омадаам. Падарам қаннод ва собунпаз буданд. Зиндагии хубу хуш доштем ва аҳли илму фарҳанги давр ба хонаи мо омадурафт доштанд. Баъд аз оне, ки Инқилоби Октябр ғалаба кард, модари ман аз зумраи аввалин заноне буданд, ки фаранҷиашонро партофта, ба таълиму тадрис машғул шуданд.
Вале дар оғози давлатсозии Ҳукумати Шӯравӣ манфиати тоҷикон зери по шуда, тоҷикони Самарқанду Бухороро пантуркистон маҷбур мекарданд, ки худро дар шиноснома «ӯзбек» сабт кунанд. Падари ман ба ин амр сар нафароварда, дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта ба Душанбе мекӯчанд ва дар маҳаллаи Лучоб нахустин коргоҳи истеҳсоли томатро ба роҳ монда буданд.
Дар ин давра банда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супорида, бояд ҳамшираи шавқат мешудам. Дар ҳамин омӯзишгоҳ кружоки драмавӣ вуҷуд дошт ва мо порчаҳоро аз саҳнаҳо иҷро мекардем. Нахустин нақши ман дар саҳнаи кружок Ҷамила аз спектакли «Ҷамила» мебошад.
Дар ҳамин вақт маро кормандони театри Лоҳутӣ дида, писанд карданд ва маро ба театр даъват намуданд. Ҳамин тавр мани 15- сола актрисаи Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ шудам.
Вале хушбахтии ман дер давом накард. Гирдоби репрессияи сталинии соли 1937 падари маро ҳам ба худ кашид. Мувофиқи маълумотҳо падаарамро баъди се рӯзи боздоштан мепарронанд.
Модрамро бошад, ҳамроҳи хоҳару бародаронам ба ҳабс гирифта, нахуст ба Оренбург ва сипас ба Қазоқистон интиқол доданд…
Духтари «душмани халқ»
Баъд аз оне, ки ба аҳли оилаи ман тамғаи «душмани халқ» зада шуд, муносибати атрофиён ба ман ба куллӣ тағйир ёфт. Дар театр қариб касе бо ман ҳарф намезад. Дар нахустнамоишҳо агар барои тамошо меомадам, дар паҳлуи ман касе ҷуръати нишастанро намекард.
Ман ба хона омада, ҳамроҳи бибии пирам гиря карда, алами диламро тоза мекардам ва боз ба кор мебаромадам.
Дар ин давра ҳатто монеи ба саҳна баромадани ман мешуданд ва моҳе як — ду маротиба иҷозат мешуд, ки «духтари душмани халқ» рӯи саҳна барояд…
Дар ин давра фақат Тӯтӣ Ғаффорова, Гулчеҳра Бақоева ва Абдулҳақ Усмонов пуштибону муттакои ман шуданд.
Як рӯз Гулчеҳра Бақоева бемор шуданду аз Кумитаи Марказӣ талаб карда мешавад, ки спектакле, ки бо ширкати Бақоева аст, ба саҳна гузошта шавад. Театр дар такопӯ афтод, зеро Гулчеҳра-оятем тамоман ҳарф зада наметавонистанд.
Ман ин спектаклро ҳамеша тамошо мекардам ва аз забони Бақоева нақшро азёд карда будам.
Дар рафти ин такудав аз куҷое ҷуръат пайдо карда гуфтам: — «Ман ин нақшро азёд медонам ва онро иҷро мекунам.
Режиссёр дар ҳаяҷон буд, охир вай соате ҳам ба ман тамрин накардааст, аммо вақте ду-се саҳнаро иҷро кардам, ӯ пазируфт. Ҳамон бегоҳ маро чунон гримм карданд, ки ба Гулчеҳра Бақоева монанд шуда будам ва мардум маро нағз қабул кард. Ин нақш нақши Гулнор буд, ки дигарбора роҳи маро ба театр кушод.
Ин замон ман 21 — сола будам…
Вақте ба сари мани 19 — сола ҳодисаҳои мудҳиш омаданд, дар паҳлуи ман ҳамеша Абдулҳақ Усмонов меистод. Маҳз Абдулҳақ дар он даврон ҷуръат карда, ба ман пешниҳоди хонадоршавиро намуд. Вай он вақт вазифаи котиби ташкилоти комсомолии театрро иҷро мекард. Вақте дар театр хабардор шуданд, ки мо оиладор мешавем, аз болои вай шикоят мекунанд.
Абдулҳақ мегӯяд:
-Падараш «душмани халқ» ҳам бошад, ба мо чӣ? Агар ба оиладор шудани мо зид бошед, ман билети комсомолиро месупорам.
Ҳамин тавр, мо оиладор шудем, аммо тӯй накардаем. Модарам аз зиндон ба ман болишту рӯймолча фиристод…
Абдулҳақ барои аз зиндон раҳо шудани модарам ва бародарону хоҳаронам хеле талош кард.
Аммо соли 1941, вақте ки аллакай соҳиби як фарзанд – Гулшан будем ва фарзанди дигарамон Мумтоз дар батнам буд, ӯро ҳам ба ҷанг бурданд. Пайваста он кас ба ман нома менавиштанд, ки онҳоро то ҳол нигоҳ медорам. Аммо тақдир ба бахти мо ришханд зад ва соли 1942 хабари марги шавҳарам омад…
Ногуфта, намонад Абдулҳақ Усмонов нахустин драматурги тоҷик аст ва асарҳои зиёдеро ҳам навиштааст.
Ман дастнависи намоишномаи «Гулбибӣ»-ро, ки дастранҷи охирини А.Усмонов дар асоси эҷодиёти лафзии халқ буд, ба Иттиҳоди нависандагон бурдам. Мехостам бо чопи он рӯҳи раҳматӣ шод шавад. Аммо асаро гум карданд. Ҳатто нафаре, ки онро аз дастам гирифт, мункир шуд. Аз чунин рафтори беэҳтиётонаи худ то ҳол азоби рӯҳӣ мекашам.
Вопасин табассуми Муҳаммадҷон Қосимов
Ман Қосим-акаро аз рӯзҳои нахустини ба театр омаданам мешинохтам. Эшон марди қоматбаланди хӯшрӯ ва хеле ҷиддӣ буданд. Дар театр ҳама ба он кас бо эҳтиром муроҷиат мекарданд, вале Қосим-ака ҳамеша ба ҷавонон дасти кумак дароз менамуданд.
Баъд аз оне, ки шавҳари ман аз дунё гузашту писарам бо бемории чашм ба дунё омад Муҳаммадҷон Қосимов ба ман хеле зиёд кумак карданд. Зеро писари ман ба ҷарроҳии душворе ниёз дошт, ки фақат дар Маскав имкони гузаронидани он мавҷуд буд, вале Муҳаммадҷон Қосимов аз обрӯву нуфузи худ истифода карда Мумтозҷонро ба беморхонаи ҳукуматӣ ҷой карданд ва як асбоби қимати ҷарроҳиро ҳам ба хотири он кас аз Маскав ба Сталинобод фиристоданд.
Ҳамин тавр эшон дар паҳлуи ман ва фарзандонам қарор гирифтанд.
Тӯйи мо ҳам аҷиб шуд. Он замон ман дар театр дар спектакли «Тӯй» нақш мебозидам ва бо ҳамон либоси саҳнавӣ пушти мизи зиёфат нишастам. Зиндагии хуш доштем ва Худо ба мо се писару як духтарро ато намуд.
Аммо зиндагӣ кардан бо Артисти халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов осон набуд. Он кас тартиботро дӯст медоштанд ва таҳаммул карда наметавонистанд, ки хона бетартиб, хӯрок напухта ва кӯдакон гуруснаву либосашон нашуста бошад. Ман кӯшиш мекардам, ки ба ҳамаи талаботи он кас ҷавобгӯ бошам ва дар баробари ин дар театр низ корамро ба сомон расонам.
Аммо хушбахтии ману Муҳаммадҷон Қосимов ҳам дер давом накард…
Вақте ман дар гастрол будам, Қосим-ака бемор мешаванд, инсулт. Хеле азоб мекашанд ва он касро ба беморхона интиқол медиҳанду ман бехабар. Вақте духтурон ҳам вазнин будани аҳволашонро мегӯянд, писари калониам ба суроғи ман меравад. Ман баъди спектакл шабона либосҳоямро иваз карда, истироҳат мекардам, ки дар тақ-тақ шуд ва садои бачем омад:
-Ойти, либосатонро пӯшед, шаҳрба мерем, аҳволи дадем камтар нағз не…
Вақте ба беморхона расидам, аҳволи Қосим-ака бад буд. Маро дида, камтар ҳушашон омад. Ҳамин вақт Тӯтӣ Ғаффорова аз дар даромада бо овози баланд гуфтанд:
-Мушаррафа, муборак шавад! Ба ту ордени «Байрақи сурхи меҳнат» доданд!
Ман ишора кардам, ки ором бошад, Қосим-ака бемор. Аммо Тӯтихон илова карданд:
-Ман махсус бо овози баланд гуфтам, ки Муҳаммадҷон ҳам фаҳманд…
Қосим-ака ба ман нигоҳ карда табассуме карданд, эшон хурсанд буданд, ки баъди қариб 50 сол билохира, хизмати маро қадр карданд… Ин ҳодиса соли 1971 буд ва ҳамон сол Муҳаммадҷон Қосимовро дар синни 64 — солагӣ аз даст додам…
Вохӯрӣ бо Сталин
Соли 1941 дар Маскав нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳайат ман ҳам, ки дар яке аз спектаклҳо нақш мебозидам, шомил шудам. Ҳурсандии дигари ман он буд, ки бародарам Иззат, ки дар Киев мезисту солҳои тӯлонӣ надида будам, хабари омадани маро фаҳмида, ба Маскав омад.
Даҳа дар сатҳи хеле баланд гузашт. Театри мо спектакли «Отелло»-ро бо ширкати Муҳаммадҷон Қосимов пешкаши тамошобин гардонид, ки ба худи Сталин писанд афтод.
Баъд аз спектакл Сталин ба гримхона омада, моро табрик кард ва ба Муҳаммаҷон эрод гирифт, ки чаро, вақте ки хиёнати дӯсташро мефаҳмад ва вақте ки Дездемона мемирад, гиря мекунад. «Сипаҳсолор набояд бигиряд, ҳатто вақте наздикаш бимирад ва ё хиёнат бинад», -гуфт Сталин.
Бегоҳ дар Кремл зиёфати Сталин баргузор мешуд, аммо ҳама даъватнома гирифтанд, ба ҷуз ман, зеро доғи «духтари душмани халқ» ҳанӯз ҳам дар ман буд.
Муҳаммадҷон гуфтанд, ки ба хотири ман шуда, он кас ҳам намераванд, вале Иззат аз куҷое ба ман ҳам даъватнома ёфта овард ва бо исрори ҳамроҳонам ман ҳам ба зиёфат рафтам. Дар он зиёфат бо актрисаи дӯстдоштаам Любов Орлова шинос шудам ва Будёнийи афсонавиро ҳам мулоқот кардам.
Дар дасти ман сурати духтарчаам буд ва мехостам, ки аз Орлова соядаст бигирам, ки Будёний аз ман пурсид:
-Это ваша сестренка?
-Нет, дочка, — посух додам.
-Как это? Ты же сама ребёнок, когда же успела?…-дар ҳайрат пурсид, ӯ.
Воқеан, он вақт харобу маҳин будам ва хеле ҷавон метофтам. Ҳамон бегоҳ Сталин дар бораи тоҷикон ҳарфҳои хуб гуфта, ба Муҳаммадҷон Қосимов унвони Артисти халқии СССР-ро дод. Ҳамин тавр, эшон аввалин нафар аз Осиёи Марказӣ шуданд, ки ба ин унвон сазовор гардиданд.
Солҳо гузашту, боре Бобоҷон Ғафуров ба ман гуфтанд:
-Бозии Муҳаммадҷон Қосимов Сталинро ба ваҷд оварда буд ва солҳо дар хотири ӯ нақш баст. Боре Сталин аз ман пурсид, ки Муҳаммадҷон чӣ ҳол дорад? Ҳоло ҳам Отелллоро бозӣ мекунад? Вақте ман посухи мусбат додам, пурсид: «Ҳоло ҳам дар саҳна гиря мекунад?». Ман не, гуфтам, Сталин хурсанд шуда «правильно, правильно», — гуфт…
Умре, ки ба театр бахшида шуд…
Баъде, ки Муҳаммадҷон Қосимов маро тарк карданд, ман даҳчанд ҳаётамро ба театр бахшидам, зеро марги эшонро таҳаммул кардан бароям душвор буд.
Дар ин давра даҳҳо нақш офаридам: Латофат («Тӯй»-и Ғ.Абдулло), Баҳор («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ), Занаки ғӯл («Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода), Марианна («Қиссаи модар»-и М.Горкий), Модар («Беватан»-и С. Сафаров), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А.Баҳорӣ), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ), Ойишаапа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов), Фирӯза («Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ), Булбул («Хонашерони майдонғариб»и Ғ.Абдулло ва Ш.Қиёмов), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад) ва ғайра…
Бубинед, ки репертуари ман қариб ки пурра аз нақшҳои модар иборат аст. Аз оғоз режиссёрҳо ба ман нақши модарро медоданд ва оҳиста-оҳиста ин ба анъана даромад. Дар филмҳо ҳам ба ман нақши модарро медоданд.
Ҳоло вақте газетаҳо мақола менависанд, маро «модари саҳна» мегӯянд, ки миннатдорам.
Ман рости гап хеҷ вақт барои унвон талош накардаам ва ҳатто унвони Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистонро дар синни 72 — солагӣ гирифтам.
Вақте ба гастрол мерафтем, қариб ҳамаи аз ман ҷавонтарҳоро «Хунарпешаи халқӣ» ё «Ҳунарпешаи шоиста» муаррифӣ мекарданд, вале маро бошад «ҳунарпеша Мушаррафа Қосимова». Дар як сафари ҳунарӣ, ки Убайдулло Раҷабов роҳбари ҳайат буд, чандин маротиба маро «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» муаррифӣ кард. Вақте эрод гирифтам, гуфт: — «Шарм мекунам, ки шуморо беунвон муаррифӣ намояму худамонро, бачаҳои шуморо бо унвонҳои болохонадор»… Ҳамин тавр, дере нагузашта ба ман унвон доданд…
Марги фарзандон
Зиндагӣ ҳамеша ба ман зарбаҳои ҷонкоҳ зад, аммо ман ноумед нашудам, тунд нарафтам, балки шукр гуфтам.
Баъди 38 рӯзи марги Муҳаммадҷон Қосимов духтарам Гулшан вафот кард…
Дере нагузашта Мумтоз аз дарду ғам фалаҷ шуд…
Фаррух бошад, ормонҳои ҳунарии ману падарашро бароварда кард. Вай дар санъати тоҷик инқилоб намуд. Театри беҳтаринро бунёд кард ва дар ақсои олам шинохта шуд… «Юсуфи гумгашта» ба ӯ шуҳрати бемисл овард.
Вале дере нагузашта, ӯ ҳам фалаҷ шуда, фавтид…
Ман то имрӯз 4 фарзандамро ба хок супоридам.
Умри дарози ман на ҳамеша бароям хушӣ овард… Худо умри набераву аберамро дароз кунад.
Хушбахтона, имрӯз Хуррам дар Русия, Сабоҳат ва фарзандонаш дар Тоҷикистон кори оилаи моро идома дода, дар театр фаъолият доранд.
Чанд сол аст, ки Театри «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ба фаъолият шурӯъ кард, ки боиси хурсандии ман аст.
Дар бораи театр
Театр барои ман ҳама чиз аст. Акнун, ки ба сад даромадам, он барои ман як чизи ормонӣ шуда монд, зеро чанд сол аст, ки ба театр рафта наметавонам. Охирин маротиба Марям Исоева дар синни 95 маро ба саҳна бароварда буд…
Мо маълумоти олии театрӣ нагирифтаем, аммо тамоми умр талош намудем, ки нақшҳои нағз офарем. Ман бо шавҳарам Муҳаммадҷон Қосимов дар ду спектакл нақш офаридаам. Вақте «Модар»-и Горкийро ба саҳна гузоштанд, ба ман нақши модар ва Муҳаммадҷон Қосимов бошад, писари хоинро супориданд.
Модар дар ин спектакл сари писари хоинашро рӯйи зонувонаш гирифта, алла мегӯяд ва ба дилаг бо корд зада мекушаду зор –зор мегиряд.
Баъди ин спектакл Муҳаммадҷон ба ман гуфтанд, ки ин беҳтарин нақши ту аст ва ин баландтарин ҷоизаи ман мебошад.
Ҳоло ки пирӣ маро аз пой афтонидааст, мехоҳам ки як рӯз ягон кас маро ҳамроҳӣ карда, бо аробача ба Театри ба номи Лоҳутӣ барад. Як бори дигар даҳлезҳояшро гардонад, ба саҳна барорад, ба толор фарорад ва ман бӯйи театр дар машом тарки дунё кунам…
Одил Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ