Монополияи суғурта аз байн меравад

Дар Тоҷикистон суғурта барои воситаҳои нақлиёт аз монополияи ду ширкат берун карда шуд. Агар то ин вақт танҳо «Тоҷиксуғурта» ва «Суғуртаи аввалини миллӣ» ҳақ доштанд, ки воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро суғуртаи ҳатмӣ кунанд, аммо минбаъд ҳамаи ширкатҳои суғурта ба ин кор ҳақ доранд.

Маҷлиси намояндагон ҳафтаи гузашта тарҳи нави қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»-ро тасвиб кард. Яке аз бахшҳои муҳими санад ин бекор кардани монополияи суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт мебошад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ дар парлумон гуфт, ки набудани танзими комил боиси маҳдуд шудани рақобати солим дар бозори ҳатмии нақлиёт шудааст.
Дар асоси тарҳи нави қонун, ширкатҳои суғурта баъд аз иҷрои шартҳое, ки ҳукумат муқаррар кардааст, ҳақ доранд нақлиёти шаҳрвандро суғуртаи ҳатмӣ кунанд. Аз ҷумла, ширкатҳое, ки мехоҳанд суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд, бояд на кам аз 10 миллион сомонӣ сармоя дошта бошанд. Инчунин, ширкатҳои суғурта бояд маблағи пардохти зарар ба ҳаёт ва саломатиро аз 5800 сомонӣ то 31 610 сомонӣ зиёд кунанд.

Ҳаҷми ҷуброни молу мулки ҷабрдидагон ҳам аз ҷониби ширкатҳо бояд аз 2900 сомонӣ то 15 834 сомонӣ зиёд карда шавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ширкат барои суғурта кардан ҳақ доранд. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки суғурта дошта бошад, вагарна нозирони БДА ҳақ доранд ронандаро барои надоштани суғурта ҷарима кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *