Мор дар остин. Бархе ба ном тарафдори ҳукуматанду дар амал мухолиф (аудио)

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар талоши муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари куҳанбунёд аст. Аз ин хотир, таърихи куҳани Саразму Ҳулбуку Ҳисору ғайраро таҷлил мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар талоши тоҷиконро миллати қадима ва дорои фарҳанги бойи бостонӣ муаррифӣ кардан аст. Аз ин хотир, ҷашнвораҳои Рӯдакиву Мавлонои Балхиву Имоми Аъзаму ғайраро таҷлил мекунад.

Дар тааҷҷубам, ки чаро баъзе аз тарафдорони ҳукумат дар амал зидди ин талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд? Масалан, баъзеи онҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бешармона менависанду мегӯянд, ки агар ҳуруфи кирилӣ намеомад, тоҷикон бесавод мемонданд.

Яъне, то омадани болшевикон ва гузаштан ба кирилӣ гузаштагони мо бесавод будаанд? Пас, ибни Синову Рӯдакиву Имоми Аъзаму Мавлонои Балхиву Беруниву Носири Хисраву ал-Хоразмиву Туғралу Аҳмади Донишу даҳҳо дигар тоҷик набудаанд?

Ва ё, қисме аз онҳо мегӯянд, ки дар замони СССР меҳру садоқату инсонгарӣ буд. Гӯё ин хислатҳоро ба тоҷикон коммунистҳо оварда бошанд ва гузаштагони мо як миллати бадахлоқ будаанд.

Гуруҳе аз бешармтаринҳояшон чунин даъво ҳам доранд, ки гӯё фақат дар давраи СССР мо соҳиби шаҳр шуда бошем. Гӯё Самарқанду Бухорову Хуҷанду ғайра надоштему надорем.

Нисбати ҳаминҳое, ки дар сухан гӯё тарафдори ҳукумат ҳастанд, вале дар амал ба Истиқлолияти Тоҷикистон эҳтиром намегузоранду аз кишвари мурдаи СССР пуштибонӣ мекунанд ва аз онҳое, ки талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик нодида мегиранд ва ба мардум талқин мекунанд, ки гӯё тоҷикон фақат баъди омадани болшевикон босавод шудаанд, Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҷазояшон диҳад!

Инҳо аз мухолифон хавфноктар ҳастанд, ки мори дар остин ҷойгирифтаро мемонанд!

Абдулло ДАВЛАТОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *