«Моро баргардонед»

Субҳи 2 феврал ба 25 донишҷӯи тоҷик иҷозат надоданд, ки тариқи хатсайри Сиан-Екатеринбург-Душанбе парвоз кунанд.

Бо ҳамин мақсад, гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик ва донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шиори “Мо ба хона баргаштан мехоҳем” дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин ба эътироз баромаданд.

Тавре аз видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дида мешавад, теъдоди зиёде аз донишҷӯён дар фурудгоҳ ҷамъ омадаанд ва бо як овоз “Мо ба хона баргаштан мехоҳем”-ро такрор мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки шаби дароз дар ин фурудгоҳ мунтазирем, 3-4 маротиба бо маблағи беш аз ҳазор долларӣ чипта харида, иваз кардем, вале маъмурони фурудгоҳ иҷозати ба ҳавопаймо нишастанро намедиҳанд. Чи кор карданамонро намедонем.

Бояд гуфт, ки зиндагӣ барои донишҷӯён дар Чин сахттар шуда истодааст. Пайдо кардани ниқоб барои эҳтиёт аз сирояти вируси нав осон нест ва мағозаҳои фурӯши маводи ғизоӣ низ дуруст кор намекунанд.

Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Чин рӯйхат кардаанд ва берун овардани шаҳрвандон аз Чин кумак мерасонанд. Феълан маълум нест, ки мақомот барои берун кардани шаҳрвандон аз Чин чӣ барномае рӯи даст доранд.

Мақомоти Тоҷикистон назорат дар марз бо Чинро шиддат бахшидаанд ва афроде, ки вориди кишвар мешаванд, таҳти муоина қарор мегиранд.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз сокинон хостаанд, ки дар авҷи паҳн шудани вируси хатарноки нав дар Чин, аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд. Аз Тоҷикистон асосан тоҷирон барои харид ва овардани мол ба Чин мераванд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи дақиқи донишҷӯён дар Чин маълум нест.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода хабар дод, ки дар Вуҳан, маркази кашфи вируси нав, дар ҳоли ҳозир 43 донишҷӯи тоҷик мондаанд. 18 нафари дигар чанде пеш барои таътил ба кившар омадаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, “дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона сабт нашудааст».

Чин ҳамсояи ҳаммарз ва яке аз манбаъҳои воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрок ва ашёи дигар ба Тоҷикистон аст.

То ба имрӯз аз коронавирус  361 нафар ҳалок шуда, 17 205 нафар сироят ёфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *