Мошинҳои барқӣ. Теъдод афзоиш дораду хизматрасонӣ беҳбудӣ мехоҳад

Чанд рӯз пеш ҳамроҳи дӯстонам бо мошини барқӣ ба Суғд рафтем. Ҳангоми сафар бо ин намуди мошин ба чанд мушкил дучор шудем. Ҳарчанд аз сафар хотираҳои хуб ҳам боқӣ мондааст, вале камбудие низ буд, ки наметавон аз он чашм пӯшид. Аз масъулини дахлдор ҳалли онро мехоҳем.

Сафари сарсонӣ

Ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Зафаробод ба самти пойтахт, аниқтараш аз баромадгоҳи ноҳия барқи мошини мо қариб тамом мешуд.Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ намедонистанд, ки ба ронандаи мо чӣ гуна кумак кунанд. Дар минтақаи Суғд фақат чанд нуқтаи пур кардани мошин бо барқ буду халос. Он ҳам дар масофаҳои хеле дур ҷойгиранд.

Ронандаи мошини мо сарсон буд. Аз касе мепурсид, дар ҷавоб мегуфтанд, ки 10 км рост равед, нуқтаи таъмини мошин бо барқ пайдо мешавад. Аммо ин ронандаи сарсон боз чанд каси дигарро мепурсид, вале ҷойи даркорӣ пайдо намешуд.

Ҳамин  тавр, ду соат сарф кардем, то ба нуқтаи таъмини барқ расем. Барои бозгашт боз ду соати дигар сарф шуд. Дар умум, мо роҳи 5-соатаро дар 9 соат пушти сар карда, ба пойтахт расидем.

Дар роҳ ронанда бо афсӯс мегуфт, ки камхарҷ гуфта, аз бонк қарз гирифтаму бо 230 ҳазор сомонӣ мошин харидам. Аммо, афсӯс, мушкилам дучанд шудааст.   

Ин як мисолест, ки набудани шароит барои таъмини қувваи барқ ба мошинҳои электронии берун аз пойтахт масирдошта монеаи асосӣ барои пешрафти соҳаи хизматрасонии таксӣ дар кишвар мегардад. Агар хориҷие дар дохили ин мошин мебуд, тасаввур кунед, ки чӣ мегуфт?

Мошинҳои электрикӣ рӯ ба афзоиш

Аз аввали солҳои 2020 мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Барои ворид намудани мошинҳои барқӣ имтиёзи гумрукӣ қабул шудааст. Агар дар соли 2021 ҳамагӣ 47 мошини барқӣ ба кишвар ворид шуда бошад, соли 2022 ин рақам ба 767 адад ва дар соли 2023 ба 1600 адад омада расид. Яъне, сол ба сол воридоти мошинҳои барқӣ рӯ ба афзоиш аст. Вале сари таъмини нуқтаҳои барқидиҳии мошинҳо андеша бояд кард. Албатта, ҳоло дар пойтахт ҷойҳои махсуси таъмини нерудиҳӣ вуҷуд доранд ва шикоят нест. Аммо дар манотиқи дурдаст чаро чунин нест, то ронандагону мусофирон сарсон нашаванду вақт зоеъ нагузарад?

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, соли 2023 дар Душанбе ҳудуди 55 нуқтаи пуркунии барқ мавҷуд буд. Ҳоло ин шумора ба 70 расидааст ва мақомот барои густариши ин шабака талош доранд. Аммо дар ноҳияҳои дурдаст аҳвол дигаргуна аст. Бисёре аз минтақаҳо барои хидматрасонии чунин мошинҳо омода нестанд, ки ин ба рушди бозори мошинҳои барқӣ берун аз пойтахт монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Камхарҷ, аммо қиммат

Дар Тоҷикистон аксари мошинҳо бо сӯзишвории нисбатан гаронбаҳои воридотӣ — гази моеъ ва бензин кор мекунанд. Ҳоло дар Душанбе нархи як литр гази моеъ 7,5 сомонӣ ва бензин 10 сомонӣ аст.

Ба ҳисоби миёна як мошини сабукрав дар 100 километр 10-11 литр гази моеъ ё бензин сарф мекунад. Дар ҳамин ҳол, як мошини барқӣ бо нархи 50 сомонӣ метавонад то 300 километр роҳро тай кунад. Нархи ин мошинҳои истеҳсоли чинӣ 230-240 ҳазор сомонӣ аст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то 6-уми июни соли 2024 аз 4350 мошини мусофирбар ё таксӣ дар шаҳри Душанбе 2451 адад ё 56,3% мошинҳои барқӣ мебошанд.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *