Мошин ба ҷуқурии 50 метр афтод
Автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг дар назди мавзеи Куталхуштаки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба чуқурии 50-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Шарифхон Қосимов ва мусофирони дохили автомашина: Файзалӣ Латифови 54-сола, сокини деҳаи Шугнов, Қатра Назарова, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Моҳлиқо Одинаеваи 21-сола, сокини деҳаи Шугнов, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 8 август, Умаров Тоҷибой, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навобод ба самти деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Навбаҳор Сабрина Менглиқуловаи сесола, сокини деҳаи Қизилнишонро пахш намудааст. Хурдсол Менглиқулова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ