Мошинҳо ба ҷарӣ чаппа шуданд

Субҳи  11 август Равшан Ҳусейнови 19-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба канори рости роҳ баромада ба чуқурии 67-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони автомашинаи мазкур Муноҷот Ҳусейноваи 18-сола, Хосият Ҳусейноваи 68-сола, сокинони шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Гулнора Ҳусейнова, соли таваллудаш 1978 ва ноболиғ Ҳусейнова Робия, соли таваллудаш 2010, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамчунин,  12 август  Фатҳулло Маҳмадиев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-200”, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт автомашинаро ба чуқурии 40-метр чаппа намудааст.

Бар асари ин садама ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *