Мошинҳои гаронарзиш барои ҷоизадорони олимпии Русия
Бунёди дастгирии олимпичиёни Русия барои ҷоизадорони Бозиҳои олимпии соли 2018 чанд адад мошини гаронарзиши истеҳсоли Германияро харидааст, — хабар медиҳад соонаи шабакаи рдиои «Говорит Москва».
Таъкид мешавад, барои ҳар як варзишгаре, ки медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст меорад, модели хосаи мошин тайёр карда мешавад. Бунёд ба ин мақсад 140 мошини сабукрави БМВ харидааст, ки дар дару капоташон рамзи ташкилот кашида мешавад. Бар замми ин, олимпичиён бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми маблағи то 4 млн рубл арҷгузорӣ мешаванд.
Ба Шӯрои сарпарастони Бунёди дастгирии олимпичиёни Русия Сарвазири Русия Дмитрий Медведев, сарвари Бунёд шомил мебошад.
.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ