“Мошинашро болои корманди мақомот ронд…” Боздошти таксирони тоҷик дар Русия

Баъди муноқишаи таксирон бо пулис дар   бозори «Садовод» –и Русия як зодаи Тоҷикистон, ба СИЗО фиристода шуд.

Суди  ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи 16 декабри соли 2023 шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Юсупов Сӯҳроб Хурсандовичро, ки дар пайи муноқишааш бо пулис дар бозори “Садовод” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) айбдор мешавад, то 16 феврали соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кардааст. Вале ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронда ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонидааст.

Аммо шоҳидони ҳодиса ки гурӯҳи муҳоҷирон будаанд мегӯянд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шудаанд.

Вобаста ба ин ҳодиса нисбати 82 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *