Мошиндуздӣ дар Ашту Душанбе

Шахси номаълум автомашинаи шахсии тамғаи “”-и марди 32-солаи сокини ноҳияи Аштро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

 Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят мазкур дастгир гардид.

Ҳамчунин, оиди ҳодисаи мошиндуздӣ ба мақомоти милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки  шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш гузошта шуда буд, рабудааст .Дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони рабудани воситаи нақлиёт марди 28-солаи сокини ноҳияи Фархор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *