Москва:Ба муҳоҷиронро бепул забон меомӯзанд

Шурӯъ аз 13 декабр дар Китобхонаи ба номи Н.А.Некрасови шаҳри Маскав курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ташкил шудаанд, ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тавре яке аз ташкилкунандагони курсҳо ва омӯзгор Евгения Иванова хабар додааст, дар курсҳо ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии хоҳишманд, ки сатҳи дониши забони русӣ ва англисиашон кофӣ нест, иштирок карда метавонанд.

“Машғулияти курсҳоро ихтиёриёни дорои маълумоти омӯзгорӣ ва таҷрибаи кори муаллимӣ мегузаронанд. Курсҳои мо ба зиёд кардани калимадонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии шифоҳӣ ва хаттӣ нигаронида шуда, ҳамзамон иштирокчиёни он бо матнҳои аҳамиятноки адабӣ шинос мешаванд”, — қайд кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, барномаи курсҳо аз ду қисмат — омӯзиши забони русӣ ва англисӣ иборат буда, ба ҳалли мушкилоти асосии муносибати гуфтугӯ ва тарзи рафтору кирдор дар муҳити нави забонӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Забони русӣ — омӯзиш аз сатҳи минималии гуфтугӯи шифоҳӣ.

Забони англисӣ — омӯзиш аз сатҳи сифр то азхуд кардани малакаи муколама дар мавзӯъҳои оддӣ, донистани грамматика (сарфу наҳв) ва лексика (калимашиносӣ) дар сатҳи заминавӣ.

Оғози машғулиятҳо 13 декабр (имкони ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳ дар муддати 2 моҳ)

Давраи баргузории курсҳо: Аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи июни соли 2018

Рӯзҳои чоршанбе: аз соати 20:00 то 22:00.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *