Москва: Харобкорон ба маркази фарҳангии мусулмонон
Дар Электрогорси вилояти Москваи Русия харобкорон ба бинои маркази фарҳангии мусулмонон ҳамла карданд. Дар ин бора раҳбари ҷамъияти исломии Орехово-Зуево Дамир Булатов, ки бинои марказ ба он тааллуқ дорад, ба РИА Новости хабар дод.
Булатов гуфт, ин ҳамла субҳи имрӯз, 10 апрел сурат гирифт. «Соати 5-и субҳ муҳофизони марказ ба ман занг зада, аз ҳодиса хабар доданд. Ба деворҳои бино ранги кабуд молидаанд. Маълум аст, онҳо шитоб доштанд. Зеро тавонистаанд, танҳо рамзҳои шайтониеро бикашанд», — афзуд Булатов.
Ба гуфтаи вай, дар бинои маркази фарҳангии мусалмонони Электрогорс ҳанӯз дурбинҳои назоратӣ насб нашудааст. «Вале баъди ин ҳодиса тасмим гирифтем, ки марказро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунем», — изҳор дошт Булатов.
Раҳбари ҷамъияти исломии Орехово-Зуево афзуд, имрӯз ба додситонӣ шикоят хоҳад бурд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ