Москва: таҳқири тоҷикон

Дар истгоҳҳои автобуси шаҳри Маскав варақаҳоеро часпондаанд, ки дар он дар шакли шеър тоҷиконро бо ибораҳои «тоҷики баду чиркин”, » сару рӯяшон дар даруни ранг”, «нобакор” ва «манбаи маводи мухаддир” таҳқир кардаанд. Аҷиб ин аст, ки ин варақаҳо бо истифода аз логотипи Мосгортранс – идораи нақлиёти шаҳри Маскав чоп шудаанд.

Варақаҳои пур аз таҳқири зидди мардуми тоҷикро корбари рус Наталя Тарантсева дар истгоҳи автобусҳои рақами 230 ва 34 дар гулгашти Сиреневий, дар гардиши кӯчаи 7-я Парковая дида ва акс бардоштааст. Наталия Тарантсева бо нашри акси ин варақа дар саҳифааш дар Фейсбук бо киноя навиштааст: «Утро красит нежным цветом остановки#Мосгортранс

Дар варақа, ки дар бланки Мосгортранс – идораи нақлиёти шаҳрдории Маскав чоп шудааст, як шеъри таҳқировар дар бораи тоҷикҳо дида мешавад.

Дар ин ба ном шеър тоҷикҳоро бо ибораҳои «баду чиркин”, «сару рӯяшон дар даруни ранг” ва «нобакор” таҳқир карда, сипас ба таҳқири ҳомиёни онҳо дар Русия пардохтаанд. Онҳоеро, ки ба дифоъ аз тоҷикҳо ва муҳоҷирони дигар дар Русия садо баланд мекунанд, бо лаҳни таҳқиромез «толераст” номида, дар ин варақа навиштаанд, ки ҳарчанд ин «толераст”-ҳо ин қадар дар ҳаққи тоҷикҳо ғамхорӣ мекунанд, вале мардум «ин тоҷикҳои чиркини пур аз маводи мухаддирро таҳаммул намекунад” ва инки тоҷикҳоро мекушанд, «беҳуда нест.”

Аҷиб ин аст, ки ин варақаи пур аз таҳқири мардуми тоҷик дар бланки расмии Мосгортранс чоп шуда, дар поёнаш ҳатто рақами кӯтоҳи телефон барои суолу ҷавоб бо намояндагони ин идораи масъули умури нақлиёти шаҳри Маскав илова шудааст.

Аксари корбарон навиштаанд, ки ин варақаҳо кори дасти кадом гурӯҳи миллатгарост, ки аз номи Мосгортранс сӯиистифода кардааст, вале худи инки варақаҳои зиддитоҷикӣ аз номи як идораи давлатӣ ва дар истгоҳҳои марбути Мосгортранс часпонда шуданд, як мавзӯи ҷиддист ва дахолати ҷиддии Мосгортранс ва дигар ниҳодҳои давлатиро тақозо мекунад.

Мӯҳтавои ин варақаҳо низ ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шуда, аксар онро баёнгари сатҳи аблаҳии тарафдорони чунин ақидаҳои қавмгароёна навиштааст. Як корбар навиштааст, муаллифони ин «шеър”-ро бояд дар муддате дар пӯсти тоҷик андозанд, то ҳама азобу машаққатеро, ки тоҷикҳои бечора барои як бурда нон дар Русия аз сар мегузаронанд, як бор дар бадани худ таҷриба кунанд. 

Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *