Мотам дар Ниҷонӣ, чор хонандаи синфи 9 ғарқ шуданд

Тобути ҳар чор навраси ғӯрамарг, ки дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуданд, ба зодбуми онҳо деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан интиқол дода шуд.
Ҳоло сокинони ин деҳа барои марги 4 наврас мотам доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, пас аз ғарқ шудани наврасон, наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади онҳоро аз об берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супориданд.

Манбаъ меафзояд, ҳоло маълум нест, ки кай ва ҳамроҳи кӣ ин чор ноболиғ аз Истаравшан ба Хуҷанд сафар карданд.
Ҳамаи ғарқшудаҳо хонандагони синфи 9 — и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 дар деҳаи Ниҷонӣ буданд.
“Хонандаҳо барои чӣ ба Хуҷанд сафар кардаанд ва чӣ гуна барои оббозӣ ба Сирдарё рафтаанд, барои мо норӯшан аст”, — гуфтааст як манбаъ аз маорифи Истаравшан.
Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуш дар соҳили рости Сирдарё дар наздикии боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ» иттифоқ афтода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *