«Мову роҳбарияти кишвар ниқоб надорем, чаро ту дорӣ?» Ҷаримаи зани ниқобпӯш
Рӯзи 24 феврал пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон занеро барои пӯшидани ниқоби тиббӣ боздошт кард. Дар ин бора хабаргузории “Сентрал Азия” иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи расонаҳо, зан вақте боздошт шуд, ки шом аз коргоҳ ба манзилаш бармегашт. Пулис ибтидо ҷойи зисти ӯро хост муайян кунад, аммо баъдан аз ӯ пурсиданд, ки чаро ниқоб мепӯшад.
«Ту ба чораандешии ҳукумат зидди вирус бовар надорӣ? Мову роҳбарияти кишвар ниқоб надорем, чаро ту дорӣ?», — пурсиданд аз вай кормандони пулис. Ба он зан гуфтаанд, ки пӯшидани ниқоб тарсу ваҳмро ба бор меорад.
Зани боздоштшуда посух додааст, ки танҳо тавсияи табибонро иҷро мекунад. Кормандони пулис ӯро ба идора бурда, бештар аз 70 доллар ҷарима ва шиносномаи ӯро нигаҳ дошта, гуфтаанд, ки баъди пардохти ҷарима бармегардонанд.
Субҳи рӯзи дигар зан ҷаримаро пардохт ва шиносномаашро баргардонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ