“МТС-Банк” бо мизоҷон бо забонҳои миллӣ гуфтугӯ мекунад
“МТС-Банк” барои муштариёни худ аз кишварҳои ИДМ хидмати дастгирии телефониро бо забонҳои миллӣ ҷорӣ кардааст. Хизматрасонӣ ба воситаи IVR бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва қирғизӣ дастрас аст.
“МТС-Банк” имкониятҳои иртиботиро барои муштариёни худ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон васеъ кардааст. Барои муошират бо забони миллӣ, аз телефони мобилии худ ба бонк занг задан лозим аст. Дар ин сурат, система ба таври худкор муштариро эътироф мекунад ва пас аз ин муошират бо забони миллӣ сурат мегирад.
Бино ба иттилои бонки мазкур, ғайр аз ин, муштарӣ метавонад як қатор амалиётҳоро анҷом диҳад, ки ташрифи ҳатмӣ ба идораро талаб намекунанд: фаъол кардани корт, танзим ё тағёир додани PIN-коди корт, насб кардани замимаи мобилии “МТС-Банк” ва анҷом додани пардохтҳову интиқолҳо бо тартиби 24/7. Ҳамзамон, муштарӣ дар бозори Русия имконияти нодир, аз ҷумла интиқоли ройгон ба кишварҳои ИДМ-ро дорад.
«Мо имкони анҷом додани як қатор муомилотро бо забонҳои миллӣ баҳри қонеъ намудани ниёзҳои он қисми муштариёнамон, ки муошират бо забони миллӣ барои онҳо муҳим аст, амалӣ кардем»,- мегӯяд узви Раёсати “МТС-Банк” Владимир Стасевич.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ